Вазири кишоварзии Русия ба дидори кишоварзони Хатлон меравад

Вазири кишоварзии Русия Дмитрий Патрушев ба Хатлон сафари корӣ анҷом медиҳад ва аз гармхонаҳои мавсимӣ, боғҳои меваҳои гуногун, майдонҳои кишти сабзавот ва полезии вилоят боздид хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 15 мая — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Хатлон, Дмитрий  Патрушев, вазири кишоварзии  Русия бо сафари корӣ  ба вилояти Хатлон меояд.

Вахшский азотно-туковый завод. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Хатлон: дар вилоят корхонаҳои аз фаъолият бозмонда таъмиру навсозӣ мешаванд

Тибқи иттилои манбаъ,   сафари вазири кишоварзии Русия ба вилояти Хатлон 16 майи  соли равон анҷом хоҳад ёфт. Зимни сафари корӣ вазири кишоварзии Русия, бо роҳбарияти вилоят мулоқот хоҳад кард.

Инчунин ҷонибҳо дар бораи  густариши ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, афзоиш додани содироти маҳсулоти кишоварзӣ, коркарди маҳсулот ва дигар масъалаҳои меҳварӣ табодули назар мекунанд.

Дар доираи сафари мазкур вазири кишоварзии  Русия  аз гармхонаҳои мавсимӣ, боғҳои меваҳои гуногун, майдонҳои кишти сабзавот ва полезӣ, гармхонаҳои лимӯпарварӣ дар ноҳияҳои Кӯшониён, Ҷалолиддини  Балхӣ, Дӯстӣ ва Ҷайҳуни вилояти Хатлон  боздид хоҳад кард.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала