То 19 бор ба шавҳар медиҳанд: нақли зани ҷангии ДОИШ аз 6 соли зиндагӣ дар Сурия

© AFP 2023 / MARTIN SYLVESTДевушки в хиджабе, архивное фото
Девушки в хиджабе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ин зан шоҳиди ваҳшониятҳои ДОИШ аст. Ӯ мегӯяд, занонро махсус азоб медиҳанд, то баъди марги шавҳари худ, боз ҷангиеро интихоб кунанд

ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Зани ҷавоне, ки шаш сол дар Сурия буду ба Қазоқистон баргашт, дар бораи зиндагӣ дар минтақаҳои ғасбкардаи ДОИШ (гурӯҳи террористӣ, мамнӯъ дар Тоҷикистон) ва ҷанг нақл кард.

Ба гуфтаи ин зани 33-сола, ӯ соли 2010 бо як ҷавони мазҳабӣ шавҳар кард. Пас аз ду соли зиндагӣ мард гӯё ба муҳоҷират меравад, аммо зан баъди як моҳ мефаҳмад, ки шавҳараш ба Сурия пайвастааст. Баъди чанде ӯро низ даъват мекунад.

"Аз Туркия ба Сурия гузаштан хело осон аст. Он ҷо ягон мамонияте нест. Маро ҳамсарам ба деҳае бурд. Ҳамагӣ пас аз як ҳафтаи рафтан, хостам ба ватан баргардам, аммо шавҳарам гуфт, ки маро қабул намекунанд", - мегӯяд вай.

Дар шаш соли зиндагӣ дар Сурия ин бону ду фарзанд ба дунё овардааст. Аммо бо дадели шароити бади санитарӣ яке аз кӯдакон ҳалок шудааст. Яке ҳамроҳи модар ба Қазоқистон баргардонида шудааст.

Арест, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Султонов баъди сафари Сурия барои таблиғи ДОИШ ба 12 соли зиндон маҳкум шуд

"Соли 2017 шавҳарам кушта шуд. Аммо намедонам, ӯро дар куҷо ва чигуна куштанд. Ман аз ҳамон вақт  кӯшиш кардам, ки ба ватан баргардам. Шароити зиндагии мо хело бад буд. Гоҳ- гоҳе ба наздиконам дар Қазоқистон занг мезадам. Аммо дар бораи хоҳиши баргаштан чизе гуфта наметавонистам. Зеро маро гӯш мекарданду метавонистанд эъдом кунанд", - идома медиҳад вай.

Ба гуфтаи бону, он ҷо агар шавҳар кушта шавад, ҳамсарашро такроран ба шавҳар медиҳанд. Ӯ шоҳиди 19 маротиба ба шавҳар додани занони ҷангиёни кушташуда ҳам гаштааст.

"Агар мард ҳалок шавад, чор моҳ ва даҳ рӯз интизор мешаванд. Сипас мардони гуногун барои  интихоби зан меоянд. Барои розигии зан онҳо "шароит" фароҳам меоранд. Ӯро ба манзиле мебаранд, ки занони зиёде ҳастанд ва онҷо на барқ, на об ва на хӯрок аст. Ҳамин тавр, бонуҳо маҷбур мешаванд, ки розӣ шаванд", - афзуд зани қазоқ.

Ӯро моҳи январ бо кӯмаки мақомоти Қазоқистон ба ватан баргардониданд. Зан пас аз бозгашт бо кӯдакаш муддати тӯлонӣ табобат мегирад. Феълан ӯ кӯшиш дорад, ки дар Қазоқистон зиндагиашро ба роҳ монад.

Ёдрас мешавем, Қазоқистон таҳти амалиёте бо ном "Жусан" моҳи январи соли равон 47 шаҳрванд, аз ҷумла 30 кӯдак, 11 зан ва 6 мардро баргардонид.

дар амалиёти дувум 231 шаҳрванди кишвар, аз ҷумла 156 кӯдак баргардонида шуданд.

Мақомоти кишвар аз шаҳрвандони баргардонидашуда, 18 мард ва 4 занро барои иштирок дар фаъолияти террористӣ зиндон кард.

Лентаи хабарҳо
0