Суолуҷавоб ва қадрдонии Беҳрӯз Хоҷазода бо 50 ҳазор сомонӣ

© Комитет по делам молодежи и спорта РТВстреча чемпиона мира по самбо Бехруза Ходжазода в Душанбе
Встреча чемпиона мира по самбо Бехруза Ходжазода в Душанбе  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ширкати букмекерии “Формула-55” варзишгари маъруф, узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар риштаи ҷудо, Беҳрӯз Хоҷазодаро бо 50 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Тибқи иттилои шабакаи телевизионии  “Варзиш”,  дар маросими ҷоизасупорӣ бо Хоҷазода суолуҷавоб сурат гирифт ва ҷудокори шинохтаи тоҷик таъкид карда, ки “айни ҳол ягона ҳадафаш гирифтани холҳои зарурӣ барои ба даст овардани роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 мебошад”.

Пешсафони мусобиқаи куштии миллӣ барои дарёфти Ҷоми пойтахт дар Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Куштӣ: бозгашти Устопириён, дасткашии Саидҷалол ва мошингирии Хоҷазодаю Раҳимов - акс

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки Беҳрӯз Хоҷазода 11-уми январи соли 1995 таваллуд шудааст. Аз 11-солагӣ таҳти роҳбарии мураббии шинохтаи кишвар Садриддин Обидов дар намудҳои варзиши куштии миллӣ, самбо ва ҷудо тамрин мекунад.  Аввалин дастоварди байналмилалии ӯ, медали биринҷии Чемпионати Осиё оид ба самбо дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея дар соли 2013 ба шумор меравад.

 Соли 2017, моҳи июл дар Чемпионати Осиё дар риштаи самбо дар шаҳри Тошканд дар вазни 68 кило  ва моҳи сентябри ҳамон сол дар Бозиҳои 5-уми осиёии дохили толор ва ҳунарҳои размӣ дар шаҳри Ашқободи Ҷумҳурии Туркманистон дар вазни -74кило зинаи аввалро ишғол кард.  Хоҷазода 11-уми ноябри соли 2017 дар Чемпионати самбои ҷаҳон дар шаҳри Сочии Русия дар вазни -74 кило бори аввал дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба унвони чемпиони ҷаҳон даст ёфт.

Самбист Бехруз Ходжазода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Хоҷазодаро аз ҳаққи иштирок дар Қаҳрамонии ҷудои Осиё маҳрум карданд

Соли 2018 Беҳрӯз Хоҷазода дар Бозиҳои Осиё дар риштаи кураш сазовори медали нуқра ва дар чемпионати ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Бухарести Руминия сазовори медали биринҷӣ гардид. Соли равон Беҳрӯз дар намуди ҷудо аввалин медали Тоҷикистонро дар силсилаи мусобиқаҳои Гранд Слам ба даст овард. Ӯ дар мусобиқаи Гранд Слами Екатеринбург, ки 15-17 март баргузор шуд, ҷои сеюмро ишғол кард.

Беҳруз Хоҷазода ба ҳолати 17 майи соли 2019 дар раддабандии олимпии Федератсияи байналмилалии ҷудо дар ҷои 30-юми вазни -73 кило қарор дорад.

Лентаи хабарҳо
0