Интиқоди духтари президент аз фаъолияти пасти хадамоти матбуоти вазоратҳо

© Пресс-служба Агентства информации и массовых коммуникацийСаида Мирзиёева стала замдиректора Агентства информации и массовых коммуникаций
Саида Мирзиёева стала замдиректора Агентства информации и массовых коммуникаций - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба гуфти Саида Мирзоева-духтари президенти Узбакистон, фаъолияти пурраи ҳукумат на дар дохил ва на дар хориҷи кишвар дар сатҳи зарурӣ муаррифӣ намешавад

ДУШАНБЕ, 21 май - Sputnik. Муовини мудири Агентии иттилоотӣ ва Васоити ахбори оммаи Узбакистон Саида Мирзиёева, дар саҳифааш дар Facebook аз фаъолияти расонаҳои расмии кишвар интиқод кардааст.

Ба гуфти Саида ин масъала аз ҷониби рӯзноманигорон ҳам матраҳ мешавад ва бисёр муҳим аст.

"Бино бар таҳлили коршиносон ва таҷрибаи хориҷӣ муттассифона бояд такрор кунам, ки кори хадамоти матбуотии Вазоратҳо дар сатҳи паст боқӣ мемонад. Дар паи кори нопурраи хадамот ва муносибати нодурусти бархе аз раҳбарон бо ВАО, мардуми кишвар аз баргузории ислоҳот аз ҷониби президент ва қабули қонунҳо аз ҷониби ҳукумат бехабар монда ва маънои амиқи онро намефаҳманд",-навиштааст Мирзиёева.

Дворец Нации - Sputnik Тоҷикистон
Интернет арзон, сайтҳо кушода ва “квота” ба Узбакистон: 13 пешниҳод ба Ҳукумат

Ба гуфти ӯ кори ҳукумат чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷ кам намоён мешавад.

Саида мегӯяд, нарасидани рӯзноманигорони касбӣ ва таҷҳизоти техникӣ ҳам аз сабабҳои дигари расонаӣ нашудани фаъолияти ҳукумат мебошад. 

"Чуноне мебинед, мушкил бузур аст ва барои ҳалли он фирк мекунам ислоҳи қонуни қабулшуда зарур аст",-менависад Мирзиёева.

Дар муроҷиати худ Саида Мирзиёева аз хадамоти матбуоти Вазоратҳо даъват кардааст, ки миёни мардуму ҳукумат пул бошанд.

Пас аз вазифаи нав: духтари Мирзиёев дар Instagram саҳифа боз кард

Ёдовар мешавем, ки духтари бузургии раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёв - Саида Мирзиёева чанде пеш яке аз муовинони мудири Агентии иттилоотӣ ва иртиботи оммаи Узбакистон таъин гардид.

Лентаи хабарҳо
0