Ихроҷ, нархи гарони патенту қонунҳои нав: Чудиновских гуфт, Русия монеа насозад

© demoscope.ruОльга Чудиновских
Ольга Чудиновских - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Олга Чудиновских, номзади илмҳои иқтисодӣ, коршиноси масоили муҳоҷират дар пасманзари изҳороти ахири вазири рушди иқтисоди Русия барои ҷалби бештари муҳоҷирон зарур донист, ки мақомдорони ин кишвар муҳоҷиронро ҳавасманд не, хадди ақал барояшон монеа эҷод накунанд

ДУШАНБЕ, 24 май - Sputnik. Чудиновсиих мегӯяд, сатҳи бекории аҳолии Русия ва раванди муҳоҷирати меҳнатӣ решаҳои гуногун доранд ва бо коҳиши муҳоҷирон мушкили бекорӣ ҳал намешавад, чун он бекорҳо ҳозир нестанд, ҷои кори муҳоҷиронро гиранд.

Министр экономического развития РФ Максим Орешкин, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Вазири иқтисоди Русия: муҳоҷирон бояд бештар ҷалб шаванд

Ӯ дар мавриди пешниҳоди вазири иқтисоди Русия барои ҳавасмандсозии муҳоҷирони меҳнатӣ гуфт, дар ин раванд ҳадди ақал бояд монеа эҷод нашавад.

Монеаҳо дар шакли қонунҳои нав, хориҷсозӣ, болобарии беасоси нархи патент мебошанд, ки муҳоҷирати ғайриқонуниро афзоиш медиҳанд.

“Бидуни ҳавасмандсозӣ ҳам раванди муҳоҷирати меҳнатӣ аз хориҷ ба Русия дар ҳоли густариш аст. Танҳо монеа эҷод кардан даркор нест. Пешниҳоди нерӯи меҳнатӣ аз ҷониби Тоҷикистону Узбакистон ва бархе аз кишварҳои дигари узви Иттиҳоди АвруОсиё хеле калон аст”, - таъкид кард Чудиновских.

Максим Орешкин, вазири рушди иқтисоди Русия ахиран гуфт, вуруди бештари муҳоҷирон рушди иқтисоди Русияро такон хоҳад бахшид.

Заключенные в тюрьме, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Як бор ҷастӣ малахак: Шералӣ Табаров дар Русия ба ҳабси абад маҳкум шуд

Ӯ дар ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи вазорат зарур донист, ки сатҳи бекорӣ коҳиш дода шаваду раванди босифати муҳоҷират таҳким ёбад.

Вазири рушди иқтисоди Русия бо нигаронӣ таъкид кард, ки танҳо соли 2018 аҳолии қобили меҳнат дар кишвар 900 ҳазор нафар кам шуданд.

“Ин омили бисёр ҷиддии боздорандаи рушди иқтисоди Русия мебошад. Барои ҳамин бояд чора андешид, ки аз як тараф сатҳи бекорӣ коҳиш дода шавад ва аз тарафи дигар вуруди муҳоҷирони меҳнатӣ бештар гардад. Ин нуктаҳои муҳим мебошанд”, - таъкид кардааст Орешкин дар ҷаласаи васеи мушовараи Вазорати таҳти идорааш.

Лентаи хабарҳо
0