Ҷоиза – 100 ҳазор сомонӣ: шоҳмотбозон барои “Ҷоми Пешво” сабқат мекунанд

© Пресс-служба РОО "НУР"28 февраля, в центре РОО "Нур" прошёл III-й Межнациональный шахматный турнир "Кубок НУР"
28 февраля, в центре РОО Нур прошёл III-й Межнациональный шахматный турнир Кубок НУР - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон мусобиқаи ҷумҳуриявии шоҳмотбозон барои дарёфти “Ҷоми Пешвои миллат” баргузор мегардад

ДУШАНБЕ, 24 май - Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи ҷавон ва варзиш, чунин мусобиқа бори аввал дар кишвар баргузор гардида, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон барои ғолибон 100 ҳазор сомонӣ ҷоиза таъин кардааст.

Шахматы, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Варзишгарони Узбакистон Ҷоми раиси Суғдро ба даст оварданд

Ризо Назарзода, муовини аввали раиси  Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон, мегӯяд мусобиқаи мазкур дар шакли ҷашнвораи оммавӣ — варзишӣ ва мусобиқаи даставӣ байни наврасони то 14-сола, аз 15 то 30-сола ва аз 30-сола боло баргузор карда мешавад.

“Барои ҷойи якуми даставӣ 30 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюми даставӣ 25 ҳазор сомонӣ ва ҷойи сеюми даставӣ 20 ҳазор сомонӣ тақдим карда мешавад”, - хабар додааст “Ховар” аз қавли Назарзода.

Ӯ афзудааст, ки ба  ғолибони намудҳои  инфиродӣ аз рӯи се синну сол 25 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Дар танобкашӣ ҷои аввалро тими Ситора ба даст овард. Ҷойҳои дувуму севумро тимҳои Нур ва Алмос ишғол намуданд
 - Sputnik Тоҷикистон
Спартакиада дар Маскав: рақобати зебосанамҳои Тоҷикистон мардонро дар ҳайрат гузошт

Сабқати шоҳмотбозон барои Ҷоми Пешво дар 4 марҳила - интихобӣ аз 10 июн то 8 июл дар сатҳи маҳаллу муассисаҳо, даври дуюм - аз  8 июл то 25 август дар сатҳи ноҳияҳо, марҳилаи сеюм аз 5 то 25 сентябр дар сатҳи вилоят, минтақа ва шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

“Марҳилаи  чорум аз 1 то 5 октябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе дар асоси ҷадвали макони баргузории мусобиқаҳо ба ифтихори Рӯзи забони давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон бо баргузории Фестивали ҷумҳуриявии шоҳмот роҳандозӣ карда мешавад”, - иттилоъ додаст муовини аввали раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш.

Лентаи хабарҳо
0