Парвози нахустин ҳавопаймоҳои 25 ҳазор доллараи истеҳсоли Тоҷикистон

© Sputnik / Алексей ДаничевБеспилотный летательный аппарат (БПЛА)
Беспилотный летательный аппарат (БПЛА) - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон ду намуд ҳавопаймои бесарнишин, ки яке бо қувваи барқ ва дигаре бо сӯзишворӣ кор мекунад, рӯнамоӣ шуд

ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Дар Академияи илмҳои Тоҷикистон таҳти унвони «Мушоҳидаҳои фосилавӣ ва технологияи истифодабарии ҳавопаймоҳҳои бесарнишин» ҳамоиши байналмилалии илмию амалӣ  баргузор гардид.

Дар кори он ҳавопаймоҳҳои бесарнишини Маркази муштараки илмӣ-таҳқиқотии Тоҷикистону Чин оид ба истифодабарии ҳавопаймоҳои бесарнишин таҷриба гардиданд.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, 24 май ҳамоиши байналмилалии илмию амалӣ дар аэродроми ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо намоиши парвози ҳавопаймоҳои бесарнишин идома ёфт.

Ба ҳозирин парвози ду намуд ҳавопаймои бесарнишин, ки яке бо қувваи барқ (аккумулятор) ва дигаре бо сӯзишворӣ кор мекард, намоиш дода шуд. Ҳавопаймоҳои гуногунҳаҷми 1×1 ва 3×4 наздики ду соат дар баландии 600 метр парвоз анҷом доданд.

Газированная вода - Sputnik Тоҷикистон
Олимони тоҷик “Гулоби Ирам” истеҳсол намуданд

Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ гуфт, ки истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишин бо мақсади илмию татқиқотӣ миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ танҳо дар Тоҷикистон роҳандозӣ мегардад.

Дар конференсияи байналмилалӣ низ таъкид шуда, ки аз таҷрибаи олимони тоҷик метавонанд дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ истифода намоянд.

Зикр гардид, ки ҳавопаймоҳои бесарнишинро мутахассисони ватанӣ, ки дар муассисаҳои олии авиатсионии Русия ва Тоҷикистон таҳсил намуда, курсҳои омӯзиширо дар Ҷумҳурии Мардумии Чин хатм кардаанд, мустақилона идора мекунанд.

Қисмҳои эҳтиётии дастгоҳҳои парвозкунандаи бесарнишин дар Институти физикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон истеҳсол ва коркард мешаванд. Дар оянда низ мутахассисони ватанӣ дар ин самт омода карда мешаванд.

Ба гуфтаи ноиби президенти академияи илмҳо Абдусаттор Саидов нархи ҳавопаймоҳое, ки айни ҳол дар Парки технологии Академияи илмҳои Тоҷикистон мавҷуданд, тахминан 20-25 ҳазор долларро ташкил медиҳанд.

Абдусаттор Саидов иброз намуд, ки дар шароити Тоҷикистон хавфи ба амал омадани офатҳои табиӣ зиёд ба мушоҳида мерасад. Истифодаи ин ҳавопаймоҳои хурд имконият медиҳад, ки хисороти зиёди иқтисодӣ ва оқибати фалокатбори заминҷунбӣ дар вақти кӯтоҳ муайян карда шавад. Инчунин ба воситаи онҳо мониторинги экосистемаҳои табиӣ ва таъсири инсон ба экосистема, ҳашаротҳое, ки   ба хоҷагии мамлакат  зарар мерасонанд, аксбардорӣ ва ҳудуди паҳншавии онҳо муайян карда мешавад. 3% Тоҷикистонро ҷангал ташкил медиҳад ва он барои арзёбӣ намудани ҳолати ҷангалзорҳо низ хеле қуллай аст.

Ҷумҳурии Мардумии Чин дар истифодаи усулҳо ва технологияи татбиқи ҳавопаймоҳои бесарнишин дар корҳои илмию амалӣ дар ҷаҳон таҷрибаи калон дорад ва истифодаи таҷрибаи онҳо барои гузаронидани корҳои илмӣ ба манфиат хоҳад буд.

Бояд зикр намуд, ки истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишин бо мақсадҳои илмӣ ва амалӣ дар Тоҷикистон аз як тараф ба амнияти озуқаворӣ мусоидат кунад, аз ҷиҳати  дигар ба гузаштани мамлакати аграрӣ ба аграрӣ-индустриалӣ суръат мебахшад."

Лентаи хабарҳо
0