Ҳайбулоев рақиби амрикоияшро дар 10 сония аз пой афтонду рекорд гузошт-видео

© PixabayБоксерские перчатки, архивное фото
Боксерские перчатки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Наворе, ки дар он Мавлид Ҳайбулоев рақиби амрикоияшро бо суръати "нур" беҳуш мекунад, дарҳол дар интернет паҳн шуд

ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Варзишкори русиягӣ Мавлид Ҳайбулоев рақобати нахустини худро дар лигаи PFL-и Амрико аз рӯи муҳорибаҳои омехта бо мувафаққият анҷом дод.

Рақиби варзишкори 28-солаи русиягӣ, Деймон Ҷексони 30-сола аз Амрико шуд.

Ҳайбулоев дар ин рақобат бо шаллоқи нишонраси худ дар даҳ сония рақибашро аз пой афтонда, пирӯз шуд.

Ҳайбулоев парида бо зону ба сари рақибаш ҳамла кард. Ҷексон аз ҳайбати ин шаллоқ дигар аз ҷой бар нахост.

Марг дар саҳна: мудел ба банди пойафзол печиду даргузашт-видео

Навор дар саҳифаи ташкилкунандагони размоиш нашр шудааст.

Марг дар ринг: варзишкори мексикоиро то мурдан куфтанд-видео

Ташкилкунандагони размоиш қайд карданд, ки ин босуръаттарин нокаут дар таърихи PFL буд.

Лентаи хабарҳо
0