Тоҷикистон тавлиди нафтро каму воридоти маводи нафтиро зиёд кардааст

© © Sputnik / Сергей ЛескетьНефть, архивное фото
Нефть, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар чаҳор моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон бештар аз 7,4 ҳазор тонна нафт тавлид шуд

ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Тавлиди нафт тайи чор моҳ дар Тоҷикистон дар муқоиса бо даври мушобеҳи соли гузашта 3,2 дарсад коҳиш ёфтааст, хабар додааст хабаргузории ТоҷикТА.

Нефтяной насос на закате, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Вазири тоҷик гуфтушуниди Душанбе бо Теҳронро дар бораи нафт рад кард

Манбаъ бо такя ба Вазорати энержӣ ва захоири обии Тоҷикистон афзудааст, ки дар чор моҳ дар кишвар 102,4 тонна бензин ва беш аз 2,7 ҳазор тонна сӯхти дизелӣ тавлид шуд.

“Дар зимн, Тоҷикистон дар 4 моҳи сол ба арзиши 106,2 миллион доллар беш аз 166 ҳазор тонна маводди нафтӣ ворид кард. Ҳар як тонна нафт ба нархи миёнаи 637 доллар ворид шуд”, - омадааст дар иттилоя.

Манбаъ таъкид кардааст, ки воридоти маводи нафтӣ дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 12,8 ҳазор тонна афзоиш ёфтааст.

Русия воридкунандаи аслии маводи нафтӣ ба Тоҷикистон мебошад. Туркманистон, Қазоқистон ва чанд кишвари дигар низ ба ҶТ маводи нафтӣ ворид мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0