Куштигирӣ дар ВМКБ: дар сабқати Хоруғ дастаи Душанбе пирӯз шуд

© Sputnik / Владимир Баранов / Гузариш ба медиабонкВольная борьба, архивное фото
Вольная борьба, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақоми дуюму сеюмро тимҳои мунтахаби вилояти Хатлон ва Душанбе 2 ишғол намуданд.

ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Дар толори Кохи варзиши шаҳри Хоруғ мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз намуди куштии тарзи озод байни наврасон аз шаҳру ноҳияҳои гуногуни мамлакат  баргузор гардид.

Сабқат бо пирӯзии дастаи мунтахаби шаҳри Душанбе ба поён расид. Мақоми дуюму сеюмро тимҳои мунтахаби вилояти Хатлон ва Душанбе 2 ишғол намуданд.

Тавре сардовари мусобиқа Абдурозиқ Олимов  иттилоъ дод,  дар мусобиқаи мазкур зиёда аз 100 нафар паҳлавонони наврас аз вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе ширкат намуданд.

Кубок столицы по борьбе гуштингири - Sputnik Тоҷикистон
Шакар Мирмамадов дар Хоруғ беҳтарин паҳлавон дониста шуд

«Дар ду рӯз мо шоҳиди кафши даҳҳо чеҳраҳои нав дар риштаи куштии тарзи озод шудем. Аз худи ВМКБ 40 нафар куштигирон ширкат карданд ва дар миёнашон паҳлавонони умедбахш зиёд ба назар расиданд. Яке аз сабабҳои ҳамасола тағйир додани макони мусобиқа ҳам дар ин аст, ки ҳеҷ як варзишгар аз назари мутахассисони соҳа дар канор намонад. Беҳтарин паҳлавонони наврас чунин мусобиқаҳо ба тими мунтахаби ҷумҳурӣ ҷалб карда мешаванд»,- иброз дошт Олимов.

Яке аз ин паҳлавонон Анушервон Юлдошов  аз вилояти Суғд изҳор намуд, ки бори аввал ба шаҳри Хоруғ омадааст ва аз дидани манзараҳои зебои ин гӯшаи Ватан ба ваҷд омадааст.

Сардори Раёсати ҷавонон ва варзиши вилоят Сураҷ Чоршанбиев гуфт, ки боиси хушҳолист, ки  давоми  соли равон дар вилоят  10 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ  аз намудҳои ҷудо, волейбол, карате до, бадминтон ва ғайра баргузор мегардад.  Дар ҳоле ки соле пеш дар вилоят  ҳамагӣ як мусобиқаи ҷумҳурияӣ  баргузор гардида буд.

Лентаи хабарҳо
0