"Роғун" ба кор даромад

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон на открытии первого гидроагрегата на Рогунской ГЭС в Таджикистане
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон на открытии первого гидроагрегата на Рогунской ГЭС в Таджикистане  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон аз роҳандозии дубораи турбини нахусти неругоҳи барқи обии Роғун хабар дод

ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Ба нақл аз сомонаи Вазорати энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон, фаолияти ин турбин, ки дар охирҳои моҳи феврали соли равон мутаваққиф шуда буд аз сар гирифта шудааст.

Турбини нахусти неругоҳи барқи обии Роғун пас аз 40 сол аз замони оғози сохти он 16 ноябри соли 2018 ба баҳрабардорӣ расид, вале дар охирҳои моҳи феврали имсол фаолияти он мутаваққиф шуд.

Мақомоти ҳукуматӣ дар Тоҷикистон иллати ин иқдомро фаннӣ унвон карданд, ки муҷиби интишори шоеяҳои зиёде дар фазои маҷозӣ шуд чаро, ки дастрасӣ надоштани расонаҳои хабарӣ ба иттилооти расмӣ дар заминаи иллати мутаваққиф шудани фаолияти турбини нахусти ин неругоҳ муҷиб шуд баҳсҳое монанди тахриби сад ва нақси фаннӣ дар ин турбин низ матраҳ шавад.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон на открытии первого гидроагрегата на Рогунской ГЭС в Таджикистане  - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон гуфт, ки агрегати дувуми "Роғун" кай ифтитоҳ мешавад

Гуфта мешавад, ки ин турбин аз замони роҳандозӣ дар 16 ноябри соли 2018 то охирҳои феврали соли 2019 беш аз 90 миллион киловат соат барқ тавлид кардааст.

Ба далели вақфа дар фаолияти ин неругоҳ ҳукумати Тоҷикистон эълом кард турбини дуввуми ин неругоҳро моҳи сентябри имсол ба баҳрабардорӣ хоҳад расонд.

Қаблан замони баҳрабардорӣ аз турбини дуввуми неругоҳи барқи обии Роғун дар моҳи апрели имсол эълом шуда буд.

Мақомоти Вазорати энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон аз ихтисоси 226 миллион доллар аз будҷети давлати ин кишвар барои идомаи сохти неругоҳи барқи обии Роғун хабар доданд.

Неругоҳи Роғун бо садди хокии 335 метрӣ ва зарфияти тавлиди 17 миллиард киловат соат барқ дар сол, бузургтарин тарҳи барқ оби минтақа аст.

Дар сурати баҳрабардорӣ аз шаш турбини неругоҳи барқи обии Роғун ҳар як бо зарфияти тавлиди 600 мегават барқ дар сол Тоҷикистон на танҳо аз буҳрони камбуди барқ хориҷ мешавад балки тавони афзоиши содироти барқ ба хориҷро низ хоҳад ёфт.

Гуфта мешавад, ки сохти ин неругоҳ дар соли 2033 ба поён хоҳад расид.

Лентаи хабарҳо
0