Азим Иброҳим ба паймонкорон: қитъаҳои зарардидаи роҳро аз ҳисоби худ барқарор намоед

© Пресс-служба правительства Кыргызской республикиЗаместитель премьер-министра Таджикистана Азим Иброхим, архивное фото
Заместитель премьер-министра Таджикистана Азим Иброхим, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
НовостиTelegram
Ахиран дар километри 6-уми роҳи мошингарди “Балҷувон-Сари Хосор” Азим Иброҳим, муовини Сарвазири Тоҷикистон бо намояндагони Дирексияи сохтмонӣ доир ба иншооти ҳукуматӣ, Пажуҳишгоҳи лоиҳакашаии иншооти нақлиётӣ, САНИОСП ва паймонкорони сохтмони ин роҳ ҷаласаи корӣ баргузор намуд

ДУШАНБЕ, 29 мая - Sputnik. Зимни ҷаласа муовини Сарвазир зикр намудааст, ки ба истифода додани ин роҳ агар аз як тараф ба беҳтар гардидани сатҳи некуаҳволии сокинони ҷамоати деҳоти Сари Хосор мусоидат намояд, аз тарафи дигар дар самти кушодани хатсайри нави сайёҳӣ ва муаррифии Тоҷикистон ба ҷаҳониён замина мегузорад, иттилоъ додааст хабаргузории “Ховар” дар истинод ба дафтари матбуоти ҳукумати кишвар.

Муовини сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим - Sputnik Тоҷикистон
Азим Иброҳим хостори инсонгарӣ ва таваҷҷуҳи бештари мансабдорон ба муҳоҷирон шуд

Азим Иброҳим дар якҷоягӣ бо намояндагони институтҳои лоиҳакашӣ ва паймонкорон аз мавзеъҳои дар фасли баҳор аз селу боришоти зиёд зарардидаи қитъаҳои роҳ боздид намуд.

“Воқеан дар натиҷаи боришоти зиёд ва фаромадани сел баъзе аз қитъаҳои алоҳидаи роҳ зарари ҷиддӣ дидаанд, аммо паймонкорон, ки соли сеюм аст дар ин роҳ кор мекунанд, бояд бо назардошти хусусиятҳои сели дарёи Сурхоб дар мавзеъҳои осебпазир корҳои махсуси соҳилмустаҳкамкуниро тибқи талаботи меъёрҳои сохтмонӣ дар мувофиқа бо сохторҳои дахлдор ба роҳ мемонданд”, - гуфт муовини сарвазир.

Дар ҳамин ҳол муовини сарвазир паймонкоронро вазифадор намудааст, ки қитъаҳои зарардидаи роҳро аз ҳисоби худ барқарор намоянд.

Бо мақсади пешгирӣ кардани чунин пайомадҳои номатлуб муовини Сарвазир супориш дод, ки дар асоси хулосаи КВД “Пажуҳишгоҳи лоиҳакашаии иншооти нақлиётӣ” ва Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ, мавзеъҳои осебпазири роҳ муайян карда шаванд ва зимни гузаронидани ташхис ҳеҷ қитъаи роҳ набояд аз мадди назар дур монад.

Строительство спортивного объекта в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Азим Иброҳим аз рафти сохтмони як чанд корхонаҳои шаҳри Душанбе интиқод кард

Инчунин Азим Иброҳим таъкид намудааст, ки бо назардошти мушоҳидаҳо ва омӯхтани хусусияти сел дар мавзеъҳои осебпазир пешбинӣ намудани сохтмони иншооти иловагии соҳилмустаҳкамкунӣ ба нақша гирифта шавад. Бо мақсади пешгирӣ аз шусташавӣ дар қитъаҳои анҷомёфтаи сохтмони роҳ корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ низ бояд сари вақт ва босифат анҷом дода шаванд.

“Мусаллам аст, ки ворид намудани тағйироту иловаҳо ба лоиҳа маблағи иловагиро талаб менамояд, аммо онҳо бояд дар асоси ҳисобу китоби дақиқ таҳия ва пешниҳод карда шаванд ва мо бояд кӯшиш намоем, ки маҷмӯи корҳои сохтмониро дар доираи буҷети пешбинишудаи лоиҳавӣ амалӣ намоем. Роҳи мазкур бояд мутобиқ ба меъёрҳо дар муҳлати пешбинишуда бо сифати баланд сохта шуда, ба мардум хизмат расонад”,-таъкид намуд муовини Сарвазир.

Лентаи хабарҳо
0