Роҳи Хуҷанд – Палоси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мумфарш мешавад

© Пресс-служба президента Таджикистана Обновление дорог на территории поселка Яван
Обновление дорог на территории поселка Яван - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
НовостиTelegram
Мумфаршкунии роҳи Хуҷанд – Палос ва кӯчаи ба номи Саид Валиеви шаҳри Хуҷанд оғоз ёфт

ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ба корҳои сохтмонӣ ва мумфаршкунии роҳи Хуҷанд – Палоси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳусни оғоз бахшид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд.

Раджаббой Ахмадзода и Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Пас аз дастури Раҳмон: Аҳмадзода Суғдро барои таҷлили 5500-солагии Саразм омода мекунад

Бино ба иттилои манбаъ, масофаи умумии роҳи мумфаршшаванда 12,3 километр ва паҳноияш 7 метр буда, аз мавзеи “Ором” - и шаҳри Хуҷанд то Боғи миллии “Ваҳдат” - ро фаро хоҳад гирифт.

“Ба ин мақсад аз ҳисоби буҷети Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят беш аз 10 миллиону 500 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст ва он аз ҷониби ширкати роҳсозии “Тоҷроҳ” амалӣ мегардад”, - таъкид намудааст манбаъ.

Ҳамзамон, кӯчаи мазкур, ки аз шаҳраки Палос ва маҳаллаи Обшорон мегузарад, то гардиши роҳи Ҷамоати деҳоти Исмоили ноҳияи Бобоҷон Ғафуров чароғон карда мешавад.

Дар ин рӯз ҳамзамон мумфаршкунии кӯчаи ба номи Саид Валиеви шаҳри Хуҷанд низ оғоз гардид. Паймонкори корҳои сохтмонӣ Идораи сохтмони асосии вилоят буда, роҳи мазкурро ширкати “Тоҷроҳ” мумфарш менамояд. Ба ин мақсад аз буҷети ҳукумати вилоят 3,6 миллион сомонӣ ҷудо шуда, масофаи умумии роҳ 2,8 километр ва паҳноии он 10 – 11 метрро дарбар мегирад.

Раджаббой Ахмадзода председатель Согда - Sputnik Тоҷикистон
Аҳмадзода бел дар даст ба мумфаршкунии роҳҳо дар вилоят оғоз кард

Раҷаббой Аҳмадзода гуфт, ки ба ин муносибати 30-солагии Истиқлолият дар вилоят беш аз 6500 иншоти мухталифи иҷтимоиву иқтисодӣ бунёд мегарданд. То ин дам дар шаҳру ноҳияҳои вилоят беш аз 2400 иншоот бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.

Манбаъ қайд намудааст, ки дар соли равон бо дастгирии Мақомоти вилоят дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят, дар маҷмӯъ ба масофаи беш аз 100 километр роҳҳои мошингард мумфарш хоҳад шуд. Ҳамчунин, бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, соҳибкорон ва ашхоси саховатманд роҳи деҳаву ҷамоатҳо ва маҳаллаҳо низ мумфарш ва таъмиру тармим мегардад.

Лентаи хабарҳо
0