Генерал Саидзода донишҷӯёни Хоруғро ба роҳи рост "ҳидоят" кард

Саидзода Маҳмадсаид Борон
Саидзода Маҳмадсаид Борон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Генерал Саидзода дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи академик Моёншо Назаршоев бо устодону донишҷӯён дидору мулоқот кард

ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи академик Моёншо Назаршоев вохӯрии муовини вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Саидзода Мамадсаид Борон бо устодону донишҷӯён баргузор гардид, хабар медиҳад ВУД Тоҷикистон.

Ба итилои манбаъ, муовини вазир дар суханрониаш, аз сиёсати созандаи Эмомалӣ Раҳмон нисбати ин қишри ояндасози ҷомеа сухан гуфта, таъкид дошт, ки Ҳукумат баҳри фароҳам овардани шароити сатҳи баланд барои донишандӯзии насли ҷавон дар дохил ва хориҷ шароити арзандаи таҳсилро муҳайё намудааст, то ҷавонони зодаи истиқлоли меҳан дар дилхоҳ муассисаҳои олию касбӣ таҳсил карда, ҳамчун мутахассисони варзида ба камол расиданд ва ба нафъи давлату миллати худ хизмати арзанда намоянд.

Государственный флаг Таджикистана в городе Хорог. - Sputnik Тоҷикистон
Таҷлили Рӯзи ҷавонон дар шаҳри Хоруғ

"Аммо дар ҷомеа ҳастанд падарону модароне, ки дар таълиму тарбияи фарзандон бемасъулиятӣ зоҳир карда, онҳоро аз таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ дур мондаанд, ки ба доми фиреби гурӯҳҳои тундрав афтода, боиси нигаронии ҷомеа гардидаанд",-гуфтааст генерал. 

Саидзода таъкид кард, ки ҳар фарди бо нангу номуси миллат ба хотири ободиву пешрафти Ватани азизамон, ҳаёти осоиштаи мардум, таҳкими сулҳу субот, Ваҳдати миллӣ ва истиқболи арзандаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд аз худ ҳиссаи арзишманд гузоранд.

Гуфта мешавад, ки зимни мулоқоти озоду ошкори масъулини мақомоти корҳои дохилӣ бо устодону донишҷӯён атрофи мушкилоти роҳу нақлиёт ва дигар масъалаҳои ҷойдошта мубодилаи афкор сурат гирифт.  

Экскурсия школьников из Хорога в центральной мечети города Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Боздиди толибилмони навраси Хоруғ аз масҷиди марказии Душанбе

Дар навбати худ ректори Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ Шермамад Ҷонмамадов барои баргузор кардани чунин мулоқоти судманд бо донишҷӯёну устодони ин боргоҳи илму маърифат изҳори миннатдорӣ баён карда, изҳор намуд, ки баъди ба фаъолият оғоз намудани Ситоди байниидоравии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини амният дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҳаёти иқтисодию иҷтимоии мардуми вилоят, минҷумла шаҳри Хоруғ дигаргуниҳои куллӣ ба миён омад, ки боиси хушнудии мардум мебошад.

Манбаъ афзуда, ки роҳандозии ҳамин гуна мулоқоту вохӯриҳои озоду ошкоро бо доираи васеъи донишҷӯён ба манфиати кор буда, баҳри пешгирии наврасону ҷавонон аз кирдорҳои зишт дар ҷомеа ва ба роҳи дуруст ҳидоят кардани ҷавонон мусоидат мекунад.

Лентаи хабарҳо
0