Баррасии густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Эрон дар Теҳрон

© МИД РТБаррасии густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Эрон дар Теҳрон
Баррасии густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Эрон дар Теҳрон - Sputnik Тоҷикистон
Дар нишасти Кумитаи пайгирии 12-умин ҷаласаи Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, техникӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ва Эрон густариши муносибатҳои ду кишвар таъкид шуд

ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон ахиран дар Теҳрон нишасти Кумитаи пайгирии иҷрои бандҳои Протоколи ҷаласаи 12-уми Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва техникиву фарҳангии Тоҷикистон ва Эрон баргузор гардид.

Город Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Сафири Эрон: эрониён ва тоҷикон ҷудоинопазиранд

Нишасти мазкур ба раёсати Ҷамшед Шоҳинзода муовини вазири энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон ва Фарҳоди Яздондӯст мушовири Вазири нерӯи Эрон баргузор шуд,ки дар он раванди иҷроии тасмимоти давоздаҳумин ҷаласаи камисиюни муштараки Ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар ин нишаст илова бар Шоҳинзод ва Яздондӯст ҳамчунин Низомиддин Зоҳидӣ сафири Тоҷикистон дар Эрон суханронӣ ва бар зарурати густариши муносибатҳои ду кишвар дар бахшҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ,илмӣ ва омӯзишӣ ва фарҳангӣ ва гардишгарӣ таъкид кард.

Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунии ҳамкориҳои Тоҷикистону Эронро дар соҳаҳои гуногун ва роҳҳои татбиқи қарорҳои ҷаласаи 12-уми Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва техникиву фарҳангии Тоҷикистон ва Эронро баррасӣ намуданд.

Дар поёни ин нишаст протоколи кумитаи пайгирӣ,ки дар он тавофуқоти ҳосилшуда дарҷ шуд,ба имзои тарафайн расид.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала