Фоҷеа дар роҳи Душанбе-Чаноқ: ҳалокати се ҷавон дар пайи бархӯрди "Мерседес" бо "Тойота"

© Фото : Сайт МВД ТаджикистанаНа автотрассе Душанбе-Худжанд в результате ДТП погибли три человека
На автотрассе Душанбе-Худжанд в результате ДТП погибли три человека  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ронанда ва ду мусофир дар пайи садама ба бемористон интиқол ёфтанд, аммо ба табибон даст надод, ҳаёти онҳоро ҳифз кунанд

ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Дар пайи садамаи фоҷеаборе дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ се ҷавон ба ҳалокат расиданд, хабар медиҳад Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон. Бино бар иттилои манбаъ, ҳодиса 30 июн, тахминан соатҳои 22:30 рух додааст.

Гуфта мешавад, ронандаи автомашинаи тамғаи "Мерседес-Бенс", Фаррух Додоеви 31-сола сокини шаҳри Истаравшан, ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди "Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ", дар ҳудуди деҳаи Тағояки ноҳияи Спитамен, аз ӯҳдаи идораи автомашина набаромадааст.

"Дар натиҷа худрави ӯ ба самти мукобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи "Тойота-Прадо", таҳти идораи ронанда Изатулло Усмонови 38-сола, сокини ноҳияи Б.Ғафуров бархӯрда, баъдан автомашинаи тамғаи "Тойота-Прадо", ба автомашинаи боркашони тамғаи "Мерседес-Бенс", ки дар канори шоҳроҳи мазкур меистод, бархӯрдааст", - иавзеҳ медиҳад манбаъ.

Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи "Мерседес-Бенс", Додоев Ф. Т. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.

Ҳамчунин мусофирони дигари автомашинаи мазкур, Ҷалолов Азизҷон Ҷалилович, соли таваллудаш 1984 ва Ҳакимов Насим Фаёзович, соли таваллудаш 1985, сокинони шаҳри Истаравшан, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидаанд.

Инчунин, ронандаи автомашинаи тамғаи"Тойота-Прадо" Усмонов И.И. ва 3 нафар мусофиронаш ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштаанд.

Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0