90 маҷрӯҳ: шумораи захмиёни таркишҳои Русия то рафт меафзояд

© МЧС РФ / Гузариш ба медиабонкВзрывы на заводе в Дзержинске
Взрывы на заводе в Дзержинске - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шумораи захмиёни таркиш дар шаҳри Дзержински вилояти Нижегороди Русия то рафт меафзояд

ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Шумораи маҷрӯҳшудагон дар паи таркиш дар корхонаи "Кристалл" ба 89 кас расидааст, хабар медиҳад хадамоти матбутии мақомоти вилояти Нижегород. 

"Тибқи маълумоти расмӣ барои ёрии таъҷилӣ пас аз таркиш на кам аз 89 кас ба беморхона муроҷиат кардааст",-омадааст дар хабарнома.

Қайд мешавад, ки дар паи таркиш 44 коргари корхона ва 45 сокини шаҳри Дзержински вилояти Нижегород захмӣ шудааст. Аз ин шумор 28 касро мошини ёрии таъҷилӣ ба бемористон овардаасту 61 каси дигар худ ба табобатгоҳ муроҷиат кардааст.

Результат короткого замыкание в Душанбе  - Sputnik Тоҷикистон
Шарҳи ВУД дар бораи таркиш дар кӯчаи Аҳмади Дониши пойтахт

Ба гуфти раиси ҳукумати вилояти Нижегород Глеб Никитин айни замон 16 кас дар беморхона бистарӣ буда, ҳолати яке аз онҳо вазнин арзёбӣ мешавад.

"Дастур омадааст, ки аз аҳволи ҳамаи захмиён бохабар бошем ва ба онҳо ҳаматарафа кумак расонем. Вазифаи пизишкон-сабук кардани пайомади ин рӯзи фоҷиабор барои нафароне, ки дар маркази таркиш қарор доштанд",-илова кард Никитин.

Таркишҳо дар корхонаи шаҳри Дзержинск

Дар корхонаи истеҳсоли маводи тарканда дар шаҳри Дзержински вилояти Нижегороди Русия се таркиши бузург ба вуқуъ пайваст.

Ба гузориши мақомот, бар асари таркиши рӯзи 1-уми июн дар корхонаи "Кристалл" дастикам 89 нафар маҷрӯҳ шудааст. 

Дар натиҷаи таркиш як бахши корхона қисман хароб шуда, сӯхтор ба амал омада панҷ бинои он пурра хароб шудааст. Дар паи фоҷиа даҳҳо сохтмон, аз ҷумла мактаб, кӯдакистон, мағозаҳо, ки дар наздикии корхона воқеъ буданд, зарар диданд.

Дар шаҳри Дзержински вилояти Нижегороди Русия ҳолати фавқуллода эълом шудааст.

Лентаи хабарҳо
0