Соҳибкори ҷавон Шерозшо Қурбоншоев дар Хоруғ "Алладин" сохт

© WikimediaХорог, архивное фото
Хорог, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар шаҳри Хоруғи ВМКБ Маркази фароғатии кӯдакони "Алладин" ба истифода дода шуд

ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Соҳибкори ҷавон Шерозшо Қурбоншоев дар Хоруғ маркази "Алладин" сохт, дар ин бора шаҳрдории Хоруғ хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки ин марказ дар Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ба баҳрабардорӣ расидааст.

Дар маросими ифтитоҳи Маркази хизматрасонӣ барои фароғати кӯдакони “Аладдин” дар бинои “Pamir Plaza” – и шаҳр, раиси шаҳри Хоруғ Кишвар Шамирӣ ширкат кардааст.
Раиси шаҳр бо ҳайати кормандони марказ суҳбату мулоқот карда, бо шароити кории онҳо ва таҷҳизоту лавозимоти марказ аз наздик шинос гардидааст.

Вид на город Хорог, ГБАО. Архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон
Хоруғ тоза мешавад: БАТР барои рушди Хоруғ 8 миллион доллар ҷудо кард

Зимни суханронии хеш Кишвар Шамирӣ қайд карда, ки дар баробари дигар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ низ бахши хусусӣ ҳамаҷониба рушд намуда, ҷавононамон, ки қишри асосӣ ва ояндасози ҷомеа ҳастанд, дар он ҳиссаи сазовор доранд:

“Ин маркази хуштарҳу замонавӣ, ки баҳри дилхушии кӯдакон аз тарафи соҳибкори ҷавон Шерозшо Қурбоншоев ҳамчун армуғон тақдим гашт, боиси фараҳмандии ҳамаи фарзандону волидон аст",-гуфтааст раиси шаҳр.

Дар Хоруғ соҳибкори ҷавоне аз Шуғнон аввалин меҳмонхонаи панҷошёна сохт

Манбаъ афзуда, ки марказ бо мабалағи 700 ҳазор сомонӣ сохта шуда, ҳоло дар он 10 нафар ҷавонони шаҳр бо ҷои кори доимӣ таъмин гаштанд ва марказ дар як вақт метавонад 100 нафар кӯдаконро кабул кунад.

Пештар бо ибтикори соҳибкори ҷавоне аз ноҳияи Шуғнон дар Хоруғ аввалин меҳмонхонаи панҷошёна ифтитоҳ шуд.

Лентаи хабарҳо
0