Амнияту озодӣ: ваъдаҳо, насиҳат ва видеои хулосаҳои Доналд Туск аз Тоҷикистон - навор

© Официальная страница пресс-службы президента РТ в FacebookПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон и глава Европейского совета Дональд Туск
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и глава Европейского совета Дональд Туск - Sputnik Тоҷикистон
Доналд Туск, президенти Шӯрои Аврупо бо нашри як навор хулосаи боздидҳояш аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистонро баён доштааст

ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Президенти Шӯрои Аврупо бо нашри навор аз сафараш ба Тоҷикистон гуфт, ба истиқлолият ва манофеи кишвар эҳтиромро қоил буда, ҳамкориҳо дар бахши мубориза бо терроризм, ифротгароии хушунатомез ва нашъаҷаллобиро таҳким мебахшанд. Ӯ таъкид намуд, ки ҳадафи олии ҳар сиёсатмадор таъмини амният ва ҳамчунин ҳуқуқи инсону озодӣ мебошад.  

Доналд Туск инчунин бо нашри як навор аз сарҳади Тоҷикистону Афғонистон изҳор дошт, ки амният дар ин ҷо бисёр муҳим аст.

Туск дар саҳифаи фейсубкияш аз ҳамкории Иттиҳоди Аврупо бо Тоҷикистон зикр карда, дар идома ваъда додааст, ки кумакҳояшро барои амнияти марз, мубориза бо тағйирёбии иқлим ва густариши тиҷорат бештар мекунад.   

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала