Муассисаи давлатӣ аз ҳисоби худаш як кӯчаи Хуҷандро бо харҷи 22 ҳазор сомонӣ мумфарш кард

Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд бо мақсади ҳиссагузорӣ ба ободии шаҳр як қисми роҳи кӯчаи Сангинбой Полвоновро мумфарш кард

ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik.  Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд як қисми роҳи кӯчаи Сангинбой Полвоновро, ки беш аз 300 метри квадратиро ташкил медиҳад, бо дарозии зиёда аз 60 метру бо сарфи 22 ҳазору 500 сомонӣ мумфарш кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти мақомоти шаҳи Хуҷанд.

Обновление дорог на территории поселка Яван - Sputnik Тоҷикистон
Роҳи Хуҷанд – Палоси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мумфарш мешавад

Бино бар иттилои манбаъ, роҳбарияти Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд таъкид намуданд, ки ин тадбир дар барои ободу хуррамнамоии кӯчаву тангкӯчаҳои шаҳри Хуҷанд амалӣ гардида истодааст ва ин иқдом дар моҳи шарифи Рамазон фазилати неку савоб арзёбӣ мегардад.

Тавре манбаъ қайд намудааст, ободии шаҳр, аз кӯчаву маҳал ва коргоҳҳо оғоз шуда, маҷмуъан ба ободии кулли он оварда мерасонад.

“Ин тадбири муҳими созандаи Марказ бояд ба идораву ташкилотҳои шаҳр новобаста ба шакли моликият намунаи ибрат бошад” – қайд намудааст дафтари матбуоти мақомоти шаҳри Хуҷанд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала