Пас аз ҷароҳати 90 кас: Путин таркишҳои Джержинскро таҳқиқ мекунад

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ Владимир Путин
Президент РФ Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Президенти Русия Владимир Путин масъалаи бартараф кардани камбудиҳоро, ки моҳи апрел дар корхонаи "Кристалл"-и Джиржинск, ошкор шуданд, таҳқиқ мекунад

ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин пас аз таркишҳо дар корхонаи "Кристалл"-и шаҳри Дзержински вилояти Нижегороди Русия, мехоҳад бо прокуратура суҳбат кунад, хабар медиҳад РИА Новости.

"Бояд бартарафкунии камбудиҳое, ки ҳанӯз моҳи апрел ошкор шуда буданд, санҷида шавад. Бо прокуратура суҳбат мекунам",-гуфт президенти Русия, Владимир Путин.

Взрывы на заводе в Дзержинске - Sputnik Тоҷикистон
90 маҷрӯҳ: шумораи захмиёни таркишҳои Русия то рафт меафзояд

Таркишҳо дар корхонаи шаҳри Дзержинск

Дар корхонаи истеҳсоли маводи тарканда дар шаҳри Дзержински вилояти Нижегороди Русия се таркиши бузург ба вуқуъ пайваст.

Ба гузориши мақомот, бар асари таркиши рӯзи 1-уми июн дар корхонаи "Кристалл" дастикам 89 нафар маҷрӯҳ шудааст. 

Дар натиҷаи таркиш як бахши корхона қисман хароб шуда, сӯхтор ба амал омада панҷ бинои он пурра хароб шудааст. Дар паи фоҷиа даҳҳо сохтмон, аз ҷумла мактаб, кӯдакистон, мағозаҳо, ки дар наздикии корхона воқеъ буданд, зарар диданд.

Дар шаҳри Дзержински вилояти Нижегороди Русия ҳолати фавқуллода эълом шудааст.

Лентаи хабарҳо
0