Аз Путин то Рӯҳонӣ меоянд: шаҳрдорӣ эълон кард, ки кадом кӯчаҳоро дар рӯзи саммит мебандад

© Sputnik / Михаил Метцель/ТАСС/POOL / Гузариш ба медиабонк Заседание Совета глав государств СНГ в Душанбе, архивное фото
 Заседание Совета глав государств СНГ в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Душанбе рӯзҳои 14-15 июн мизбони роҳбарони 27 кишвар мешавад. Дар Тоҷикистон Саммити 5-уми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё баргузор мегардад

ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Шаҳрдории Душанбе эълон кардааст, ки дар рӯзҳои баргузории саммити бузург дар пойтахти Тоҷикистон ҳаракати воситаҳои нақлиёт ддар кадом кӯчаҳои шаҳр маҳдуд мешаванд.

Бино бар иттилои манбаъ, 14-15 июн ҳаракати ҳамагуна воситаҳои нақлиёт, ба ғайр аз автобусу троллейбусҳо дар кӯчаҳои А. Дониш, С. Айнӣ,  А. Рӯдакӣ,  И. Сомонӣ,  Н. Ганҷавӣ дар соатҳои баргузории чорабиниҳо маҳдуд карда мешавад.

Дорога в городе Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Роҳбандӣ дар Душанбе: кадом роҳҳо рӯзҳои 16-18 баста мешаванд?

Шаҳрдории Душанбе таъкид намудааст, ки ин иқдом ба хотири баргузории саммити бузург - Саммити 5-уми Машварати ҳамкорӣ  ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) пеш гирифта шудааст.

Дар ин робита, аз сокинону меҳмонон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки аз хизматрасонии автобусу троллейбусҳо истифода баранд.

"Ронандагони воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, метавонанд, аз кӯчаҳои ҳамшафат истифода баранд", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Ёдрас мешавем, пештар хабар дода шуд, ки дар доираи саммити мазкур 27 роҳбари кишварҳои дунё меҳмони Тоҷикистон мешаванд.

Дар кори нишасти МҲТБО дар Душанбе иштироки сарони кишварҳои Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакистон, Эрон, Озарбойҷон, Афғонистон, Баҳрайн, Ветнам, Миср, Ҳиндустон, Ироқ, Исроил, Камбоҷа, Чин, Муғулистон, Покистон, Фаластин, Тайиланд ва Туркия  дар назар аст.

Пештар Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар дод, ки раисҷумҳури Эрон Ҳасан Рӯҳонӣ низ ба ин МҲТБО даъват шудааст.

Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё – МҲТБО, анҷумани байнидавлатиест, ки бо ибтикори Қазоқистон ва дастгирии СММ таъсис ёфта аст. Дафтари марказии МҲТБО дар шаҳри Остона воқеъ аст.

Узви ин созмон 27 кишвар аз ҷумла Тоҷикистон, Русия, Қирғизистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Чин, Ҳинд, Эрон, Исроил, Узбакистон, Туркия, Миср, Ироқ, Покистон, Фаластин, Муғулистон, Ветнам, Таиланд ва ғайра мебошад. Мақомоти олии қабули қарор ҳамоиши нишасти сарони кишварҳои узв буда, он дар чор сол як маротиба доир мегардад.

Лентаи хабарҳо
0