Баррасии вазъи дандонпизишкии кӯдакона дар Тоҷикистон

CC0 / Pixabay / Стоматологический кабинет, архивное фото
Стоматологический кабинет, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Саида Умарзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон зимни як нишасти корӣ вазъи дандонпизишкии кӯдаконаро дар кишвар баррасӣ кард

ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ, зимни нишаст аз рушди дандонпизишкии кӯдакона дар кишвар зикр шуда, таъкид гардид, ки феълан дар ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ 5 сохтори стоматологии кӯдакона фаъолият доранд.

Стоматологический кабинет, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҳафт ҳазор доллар барои рӯйпӯши камбудиҳо: порагирии 2 мансабдори соҳаи тандурустӣ

“Аз ҷумла шӯъбаи кӯдакона дар муассисаҳои давлатии “Пажӯҳишгоҳи илмию клиникии стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй”, шӯъбаи ҷарроҳии ҷоғу рӯй кӯдакона дар “Маркази миллии тиббии “Шифобахш” ба 20-кат, 2-дармонгоҳи стоматологияи кӯдакона дар шаҳри Душанбе, 1-дармонгоҳӣ стоматологии кӯдакона дар вилояти Суғд, шаҳри Хӯҷанд, дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 2-ҳуҷраи стоматологияи кӯдакона, дар вилояти Хатлон 4-ҳуҷраи стоматологияи кӯдакона ва дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон як ҳуҷраи стоматологияи кӯдакона фаъолият менамоянд”, - иттилоъ дод Вазорати тандурустӣ.

Манбаъ зикр кард, ки дар ҷумҳурӣ кафедраи ҷарроҳии ҷоғу рӯй  дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино  фаъолият дорад ва айни ҳол 8 нафар ординатори клиникӣ таҳсил доранд.

Стоматологический кабинет, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Қоидаҳои санитариро риоя накардед: ҷаримаи мудири шӯъбаи дандонпизишкии ноҳияи Рашт

“Дар ин кафедра ҳам таҳсилоти тодипломӣ ва ҳам баъдидипломӣ гузаронида мешаванд. Дар кафедра 10 нафар омӯзгорон фаъолият дошта, 4 нафарашон номзади илми тиб мебошанд”, - иттилоъ дод Вазорати тандурустӣ.

Ба иттилои манбаъ,  айни ҳол дар ҷумҳурӣ 134 табиб-стоматологи кӯдакона, аз он ҷумла 11 нафар табиб-ортодонт фаъолият менамоянд.

“Аз шумораи умумии табибони стоматологи кӯдакона 58,9% дар шаҳри Душанбе 11,2% дар вилояти Хатлон, 20,1% дар вилояти Суғд, 8,2% дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва 1,5% дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кор ва фаъолият менамоянд”, - таъкид кардааст мақомоти тандурустӣ.

Лентаи хабарҳо
0