Имрӯз дар Тоҷикистон Иди саиди Фитрро таҷлил мекунанд

© © Sputnik / Амир ИсаевДети поздравляют жителей c праздником Иди Курбон в Душанбе
Дети поздравляют жителей c праздником Иди Курбон в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз дар тамоми муассисаҳои кишвар рӯзи истироҳатӣ эълон шудааст. Намози ид дар масҷидҳои Тоҷикистон субҳ, соати 06:00 баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Имрӯз, 5 июн дар Тоҷикистон Иди саиди Фитрро таҷлил мекунанд. Дар тамоми муассисаҳои кишвар рӯзи истироҳатӣ эълон шудааст. Мусалмонони кишвар субҳи барвақт, соати 06:00 намози идро хонданд.

Пештар Раёсати Шӯрои уламои Тоҷикистон қарор кард, ки Иди Рамазон дар кишвар 5 июн таҷлил шавад. Дар яу қатор кишварҳо, аз ҷумла Русия идро 4 июн таҷлил карданд.

Жители Душанбе покупают продукты на рынке Мехргон - Sputnik Тоҷикистон
Омодагӣ ба Иди Фитр: Савдои гарм дар бозору мағозаҳои пойтахат-гузориши аксӣ

Дар Тоҷикистон ду иди асосии Ислом - Иди Фитр ва Иди Қурбон бо шукӯҳ таҷлил мешавад. Дар ин рӯз мардуми кишвар ба манзили дӯстону хешовандон ва ҳамсоягон рафта, якдигарро бо ид шодбош мегӯянд. Ба оромгоҳҳо рафта, дар ҳаққи гузаштагон дуо мехонанд ва гирду атрофи қабрҳоро тоза мекунанд.

Дар ҷануби кишвар, идгардак роиҷ аст - дар ҳар хонадон барои кӯдакон ширинӣ омода мекунанду барои меҳмонон дастурхон меандозанд.

Пештар раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мардуми Тоҷикистонро бо Иди Фитр шодбош гуфт.

"Ба ин муносибат мардуми шарифи Тоҷикистонро самимона табрик мегӯям ва ба хонадони ҳар фарди кишвар хушбахтиву некрӯзӣ, рӯзгори осуда ва файзу баракат орзу менамоям", - омадааст дар паёми раисҷумҳур.

Президент России Владимир Путин в Кремле - Sputnik Тоҷикистон
Путин мусалмононро бо Иди Фитр шодбош гуфт

Имсол мусалмонони Тоҷикистон ва Русия аз 6 май рӯза гирифтанд.

Аз Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки имсол нисоби закот 20 ҳазор сомонӣ ва ҳаққи фитри рӯза 5 сомонӣ муқаррар шудааст. Бар асоси муқаррароти Шӯрои уламо имсол муслимини кишварро зарур аст, аз ҳар 20 ҳазор сомонии доштаашон 500 сомонӣ закот диҳанд. 

Садақаи фитр ба ҳисоби гандум 5 сомонӣ ва ба ҳисоби мавиз, барои касоне, ки тавоноии молии бештар доранд, 48 сомонӣ муқаррар гардид.

Барои соҳибони узри шаръӣ, яъне пиронсолону беморон ва нафароне, ки бо сабаб рӯза дошта наметавонанд, фидяи савм ба миқдори 300 сомонӣ барои 30 рӯз, яъне ҳар рӯз 10 сомонӣ муайян карда шуд.

Лентаи хабарҳо
0