Пиёдагардро пахш карду ҷои ҳодисаро тарк намуд: боздошти ронандаи фирорӣ аз сӯи милитсия

© МВД РТМВД Таджикистана задержала беглого водителя
МВД Таджикистана задержала беглого водителя  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кормандони милитсияи Тоҷикистон Фирӯзҷон Холназаровро боздошт намуданд. Вай бо мошини бародараш бидуни ваколатномаи идораи воситаи нақлиёт дар шаҳри Бохтар як ҷавондухтарро пахш намуда аз ҷои ҳодиса фирор кардааст

ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. Кормандони милитсия дар муддати кӯтоҳ ронандае, ки дар шаҳри Бохтар як ҷавондухтарро пахш намуда, сипас аз ҷои ҳодиса фирор кардаст, боздошт намуданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ВУД Тоҷикистон.

Авария в Туркестанской области - Sputnik Тоҷикистон
Садамаи маргбор дар рӯзи иди Рамазон: ронанда дар бемористону мусофир ба ҳалокат расид

Бино бар иттилои манбаъ, рӯзи 1-уми июни соли равон, тахминан соати 17:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота Карола”, Холназаров Фирӯзҷон, соли таваллудаш 1998, сокини ноҳияи Кушониён, ки бидуни ваколатнома дар бораи ҳуқуқи идора намудани воситаи нақлиёт, мошини мазкурро идора мекард ва худрав ба бародараш Холназаров Фарҳод тааллуқ дорад, қоидаҳои ҳаракати роҳро дағалона вайрон намудаааст.

“Номбурда, ҳангоми ҳаракат аз самти маркази шаҳри Бохтар ба самти терминали мусофиркашонии “Сафар-К”-и шаҳри мазкур, дар кӯчаи Ваҳдат бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагард Абдураҳмонова Мунавар, соли таваллудаш 1998, сокини шаҳри Бохтарро пахш намудааст. Дар натиҷа, пиёдагард Абдураҳмонова М. ба саломатияш ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонии дараҷаи вазнин бардошта, дар ҷои ҳодиса афтода беҳуш мешавад”,- таъкид намудааст манбаъ.

ВУД Тоҷикистон зикр намудааст, ки Холназаров Ф. дидаву дониста пиёдагард Абдураҳмонова Мунаварро дар вазъияти барои ҳаёт ва саломатиаш хавфнок гузошта, ёрӣ нарасонида, аз ҷои ҳодиса ғайб задааст.

© МВД РТПиёдагард Абдураҳмонова Мунавар дар бемористон
Пиёдагардро пахш карду ҷои ҳодисаро тарк намуд: боздошти ронандаи фирорӣ аз сӯи милитсия - Sputnik Тоҷикистон
Пиёдагард Абдураҳмонова Мунавар дар бемористон

Манбаъ қайд намудааст, ки кормандони милитсия Холназаров Фирӯзҷонро, ки дар ҳолати фирор қарор дошт дар як мудати кӯтоҳ дастгир намуданд.

Доир ба ҳодисаи мазкур дар ШВКД шаҳри Бохтар нисбати Холназаров Фирӯзҷон бо моддаҳои 127 ва 212 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0