Путин гуфт, ки ӯ генерали тӯйгард нест

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ Владимир Путин
Президент РФ Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Президенти Русия Владимир Путин гуфт, ки ӯ генерали тӯйгард нест, ки ба ҳар як чорабинии хориҷӣ равад

ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. Президенти Русия Владимир Пунтин сабаби даъват нашуданаш ба маросими идона дар Нормандияро шарҳ дод.

Ёдрас мешавем, имсол дар ҷануби Фаронса - минтақаи Нормандия 75-умин солгарди амалиёти пиёдазозии муттаҳидини Иттиҳоди Шӯравӣ таҷлил мегардад.

Путин гуфтааст, ки Русия низ ба тамоми маросимҳои идонааш на ҳамаро даъват мекунад.

"Мо низ на ҳамаро даъват мекунем. Ман генерали тӯйгард нестам, ки маро ба ҳама ҷо даъват кунанд", - гуфт президенти Русия.

Дар Британияи Кабир маросимҳои идонаи бахшида ба пиёдазозии муттаҳидини Иттиҳоди Шӯравӣ ба Аврупо дар солҳои Ҷанги бузурги Ватанӣ баргузор мешавад. Маҳз дар Нормандия амалиёти машҳури пиёдасозии 150 ҳазор низомиён баргузор гардида буд.

Ин амалиётро қадами аввали тозасозии Фаронса аз фашизм ва нишонаи ифтитоҳ шудани "Фронти дувум" меноманд.

Лентаи хабарҳо
0