"Кӯдакро бедор накун!": оҳистатарин амалиёти боздошт дар Русия-Видео

© Sputnik / Евгений Одиноков / Гузариш ба медиабонкСотрудник полиции, архивное фото
Сотрудник полиции, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ин мард дар фиреб кардани нӯҳ бознишаста айбдор мешавад

ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Дар вилояти Маскав оромтарин амалиёти боздошт баргузор карда шуд. Дар ҳуҷраи гумонбар кӯдак хоб буд ва қудратиҳо бо овози паст бо ҳамдигар суҳбат мекарданд, хабар медиҳад РЕН ТВ.

"Оҳиста, оҳиста. Бедор шав, бедор шав. Тез бархез. Оҳиста кӯдакро бедор накун",-мегӯянд кормандони мақомоти қудратӣ дар наворе, ки аз дасти ВКД дар вилояти Маскав дастрас шудааст.

Чуноне манбаъ хабар медиҳад, дар аввал ин мард чунин сурат гирифтани ҳолро ххоби бад донист. Вале ӯ дар воқеъ ба ҷурми фиреби бознишастагон айбдор мешавад.

Ҳаммаслаки ӯ ба манзилҳои нафақахӯрон омада, худро хаткашон муаррифӣ мекардааст. Баъд муйсафедонро бовар мекунонидааст, ки дар гардиш пули нав баромадааст ва пулҳои қалбакии худро бо пулҳои онҳо иваз мекардааст.

"Муйсафедон пулҳои қалбакиро аз асл фарқ намекарданд ва малбағашонро бе чуну чаро ба зани қаллоб медоданд. Зан дарҳол аз хона баромада ғайб мезад, чун дар пеши ҳар хона ӯро ҳаммаслакаш бо мошин интизор мешуд",-меафзояд манбаъ.

Муофиқи маълумоти пешакӣ, наздики 9 бознишаста аз дасти ин қаллобон фиреб хӯрдаанд.

Лентаи хабарҳо
0