Азми Русия ва қарори Рустам Эмомалӣ: дар Душанбе муҷассамаи Пушкин гузошта мешавад

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкПамятник А. С. Пушкина
Памятник А. С. Пушкина - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шаҳрдори Душанбе қарор карда, ки дар маркази пойтахт пайкараи шоири маъруфи рус Александр Пушкин гузошта шавад

ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Пайкараи Александр Пушкин дар Душанбе гузошта мешавад, хабар дод раҳбари Россотрудничество дар Тоҷикистон Михаил Вождаев.

"Шаҳрдори Душанбе барои гузоштани пайкараи Пушкин дар пойтахт ва пайдо кардани макони мувофиқ қарор кард",-гуфт ӯ зимни суханронӣ дар маросими "Пушкинский бал" дар маркази фарҳангии Россотрудничество.

Встреча заместителей министров культуры РФ и Таджикистана  - Sputnik Тоҷикистон
Аз намоишҳои Театри Маяковский дар Русия то гузоштани муҷассамаи Пушкин дар Душанбе

Ба гуфти ӯ пайкара бо дастгирии Вазорати фарҳанги Русия омода шудааст ва айни замон масъалаи интиқол додани он ба Душанбе баррасӣ мешавад.

"Хурсандиовар аст, ки яке аз кӯчаҳои шаҳри Душанбе ба номи Александр Сергеевич гузошта шудааст ва боиси хурсандист, ки боз ҳайкали ӯ чун рамзи муносиботи дӯстона хоҳад шуд",-гуфт Вождаев.

Бал дар чорчӯби ҳафтаи забони русӣ дар Тоҷикистон баргузор шуд, ки ҳамасола аз 3 то 11 июн гузаронида мешавад. Имсол ин чорабинӣ ба 220 солагии шоири бузурги рус Александр Пушкин бахшида шуд.

Аз намоишҳои Театри Маяковский дар Русия то гузоштани муҷассамаи Пушкин дар Душанбе

Дар доираи "Пушкинский бал" иштирокдорон аз эъҷодиёти бойи шоир шеърҳо ва романсҳо қироат карданд.

Шаби шеър: тоҷикон дар Маскав ба забонҳои Рӯдакӣ ва Пушкин шеър хонданд

Ҳамчунн дар доираи ин чорабинӣ маросими мукофотсупорӣ ба ғолибони озмуни "Имлои сартосарӣ" баргузор шуд, ки миёни ғолибон хабарнигори РИА Новости ҳам номбурда шуд.

Ёдовар мешавем, ки масъалаи гузоштани пайкараи Александр Пушкинро моҳи марти соли равон, муовини вазири фарҳанги Русия Олга Ярилова

бо муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон Зевар Давлатзода баррасӣ карда буд.

Лентаи хабарҳо
0