Бозии дӯстона: ҳисоби футболбозони тоҷикону афғонҳо мусовӣ шуд

© пресс-служба ФФТЮношеская сборная Таджикистана по футболу
Юношеская сборная Таджикистана по футболу - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аввалин маротиба ба футболбозони дастаи мунтахаби Афғонистон муяссар шуд, ки баъди шаш бохт бо дастаи мунтахааби Тоҷикистон баробар бозӣ кунанд ва ба натиҷаи мусовӣ расанд.

ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Шоми дирӯз бозии дӯстона ва таҷрибавӣ миёни дастаҳои мунтахаби футболи Тоҷикистон ва Афғонистон дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе баргузор гардида, бо ҳисоби мусовии 1:1 ба поён расид.

Ҳисоб дар дақиқаи 72-юм аз ҷониби Умрон Ҳайдарӣ кушода шуд. Ӯ бо усули зебои пушти пой тӯбро вориди дарвоза кард. Голи ҷавобиро ҳамлагари ҷавони дастаи мунтахаби  мамлакат Шаҳром Самиев дар дақиқаи 88-ум ба самар расонид.

Аввалин маротиба ба футболбозони дастаи мунтахаби Афғонистон муяссар шуд, ки баъди шаш бохт бо дастаи мунтахааби Тоҷикистон баробар бозӣ кунанд ва ба натиҷаи мусовӣ расанд.

Бозии дӯстонаи дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва  Афғонистон оғози  давраи омодагӣ ба марҳилаи гурӯҳии Чемпионати ҷаҳон-2022 ба ҳисоб меравад.

 

 

 

Лентаи хабарҳо
0