Имсол Донишгоҳи тиббиро 65 нафар бо дипломи аъло хатм кард

© Сайт мэрии города ДушанбеСтуденты нового мед университета Таджикистана
Студенты нового мед университета Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имсол Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро 1556 нафар хатм кард

ДУШАНБЕ, 8 июн – Sputnik. Имсол бори 74-ум Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро 1556 нафар хатм кард.

Ба гузориши Вазорати тандурустӣ, аз миёни 1556 нафар, 65 касашон донишгоҳро бо дипломи аъло хатм намудаанд.

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи тиббӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дарси сулҳи раисҷумҳур бо пизишкони оянда дар Донишгоҳи тиббӣ

Ин нукта зимни баргузории як чорабинӣ дар донишгоҳи мазкур  таъкид гардидааст.

Хатми имсолаи донишҷӯёни донишгоҳи мазкур ба воқеаи муҳим, 80 солагии таъсисёбии ин муассисаи таҳсилоти олии тиббӣ рост омад, ки имрӯзҳо устодону донишҷӯёни таълимгоҳ баҳри таҷлили сазовори ин санаи таърихӣ ҳаматарафа омодагӣ мебинанд.

То имрӯз ин донишгоҳ беш аз 43 ҳазор нафар мутахассисони соҳибмаълумотро тарбият намудааст.

Лентаи хабарҳо
0