Мушовири хоси президенти Фаронса ба назди вазири тоҷик рафт

Мушовири хоси президенти Фаронса дар масъалаҳои иқтисодӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, Паскал Лоро бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин суҳбат кард

ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Рӯзи 6 июн вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин мушовири хоси президенти Фаронса дар масъалаҳои иқтисодӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷаноби Паскал Лороро ба ҳузур пазируфт.

Дар ин бора равобити умумии Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки дар мулоқот ҷонибҳо вазъ ва дурнамои тавсеаи равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Фаронсаро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ мавриди муҳокима қарор доданд.

Встреча Председателя НБТ и советника Президента Франции по экономическим вопросам странь Центральной Азии  - Sputnik Тоҷикистон
Нурмаҳмадзода аз мушовири раисҷумҳури Фаронса хоҳиш кард ҳамкориҳо дубора барқарор шаванд

"Ҳамчунин табодули афкори созанда доир ба ҳамкории мутақобилан судманди ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ сурат гирифт",-омадааст дар хабарнома.

Ёдовар мешавем, ки пештар мушовири президенти Фаронса бо раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода дидору мулоқот кард.

Дар рафти мулоқот самтҳои дигари афзалиятнок барои ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла, рушди ҳамкорӣ байни бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон ва Фаронса, ҳамкорӣ дар самти сиёсати пулию карзӣ, идораи захираҳои байналмилалӣ, роҳҳои коҳиш додани қарзҳои ғайрифаъол дар сандуқи қарзӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Мушовири раисҷумҳури Фаронса Паскал Лоро бо сафари дурӯза ба Тоҷикистон ташриф оварда, дар доираи он як қатор вохӯриву мулоқот, аз ҷумла бо муовини Сарвазири кишвар Азим Иброҳим, Ёрдамчии Президент оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ашӯрбой Солеҳзода, роҳбарияти Вазорати иқтисод ва савдо ва раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Фаррух Ҳамрализода дар нақша дорад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала