Раҳмон дар арафаи сафари президентҳо боғи бузургеро дар Душанбе ифтитоҳ кард

© Дафтари матбуоти раисҷумҳури ТоҷикистонРаисҷумҳур боғи Курӯши Кабирро ифтитоҳ кард
Раисҷумҳур боғи Курӯши Кабирро ифтитоҳ кард - Sputnik Тоҷикистон
Боғи атрофи Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ пурра азнавсозӣ ва ифтитоҳ шуд. Масоҳати он 5 гектарро ташкил дода, 26 даромадгоҳ дорад

ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи сафари сарони 27 кишвар ба Душанбе боғи бузургеро дар пойтахт ифтитоҳ кард.

Бино бар иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ шоми 7 июн боғи атрофи Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айниро, ки масоҳаташ 5 гектар будааст, ифтитоҳ карданд.

© Дафтари матбуоти раисҷумҳури ТоҷикистонРаисҷумҳур боғи Куруши Кабирро ифтитоҳ кард
Раҳмон дар арафаи сафари президентҳо боғи бузургеро дар Душанбе ифтитоҳ кард - Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳур боғи Куруши Кабирро ифтитоҳ кард

Боғ ба номи Куруши Кабир гузошта шудааст. Он аз 26 даромадгоҳ иборат буда, дар дохили он ду амфитеатр сохта шудааст.

"Ғайр аз ин барои гаштугузор ва истироҳати сокинон ва меҳмонони пойтахт 4 адад майдончаи истироҳатӣ, ду адад гулгашт бо фаввораҳо ва 90 адад нишастгоҳҳо сохта шудааст. Баҳри дилхушии кӯдакон чор майдончаи бозӣ бо насби таҷҳизоти махсус омодаи истифода мебошад. Дар масоҳати 1640 метри мураббаъ се адад майдончаи варзишӣ барои бозиҳои футбол, волейбол ва тенниси рӯи миз сохта шудааст. Дар ҳудуди боғ 4 қаҳвахона, аз ҷумла 2 адад пӯшида ва 2 кушода баҳри хизмати мизоҷон омода мебошад", - менависад дафтари матбуоти президент.

Дар ду тарафи боғ муҷассамаи мусаввир ва накқоши тоҷик Камолиддин Беҳзод ва ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шуравӣ Малика Собирова ҷой дода шудааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала