Бозгашти ҳоҷибибӣ Гулбаҳор Маҳкамова ба майдони бонкдорӣ бо қонунҳои шариат

© акс аз сомонаи мақомоти иҷроияи вилояти СуғдГулбаҳор Маҳкамова ва Раҷаббой Аҳмадзода, раиси Суғд ҳангоми ифтитоҳи бинои нави кории “Имон”
Гулбаҳор Маҳкамова ва Раҷаббой Аҳмадзода, раиси Суғд ҳангоми ифтитоҳи бинои нави кории “Имон” - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Гулбаҳор Маҳкамова, яке аз занҳои фаъоли Тоҷикистон дар умури хадамоти бонкӣ аз оғози саҳифаи нав дар фаъолияташ хабар дод

ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Гулбаҳор Маҳкамова, ки соли равон аз сафари Ҳаҷ баргашт, ахиран дар саҳифаи фейсбукияш изҳор дошт, ки роҳандозии бонкдории исломӣ ва ҷалби сармоя барои рушди соҳибкории хурду миёна ба кишвар, саҳифаи нав дар фаъолияти касбияш мебошад.

Маҳкамова  ҳафтаи равон зимни ифтитоҳи бинои нави фонди қарзии хурди “Имон” зикр кард, ки соли 2014 дар Тоҷикистон қонун дар бораи бонкдории исломӣ қабул шуда буд.  

“Фонди “Имон” низ барои ташкили чунин хизматрасониҳои молиявӣ ва кушодани равзанаи бонкдории исломӣ, тамоми ҳуҷҷатҳоро таҳия карда, ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод кардааст ва интизори иҷозати фаъолият мебошад”, - изҳор дошт Маҳкамова дар маросими ифтитоҳи бинои нав.

Ин дар ҳолест, ки аввали соли гузашта ташкилоти молиявии “Имон интернешнл”, яке аз иштирокдорони муваффақи бозори бонкӣ иттилоъ дода буд, ки Гулбаҳор Маҳкамова аз мақоми роҳбарии ин ташкилот канор рафта, ба корҳои илмӣ машғул хоҳад шуд.

Деньги в кредит, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Аз боздошти сарроф то "экстремизм"-у ҳаннотии даҳҳо бонкдор дар Суғд

Феълан Маҳкамова, роҳбарии Шӯрои фонди қарзии хурди “Имон”, аз саҳомони ташкилоти молиявии “Имон интернешнл”-ро ба уҳда дорад.

Дафтари матбуоти раиси Суғд, зимни гузориш аз ифтитоҳи бинои нави Фонди қарзии “Имон” иттилоъ дод, ки ин ташкилот барои расонидани хизматҳои молиявии босифат, инноватсионӣ ва шаффоф ба сокинон таъсис дода шуда, беш аз 15 сол инҷониб фаъолият дорад.

“Сандуқи фаъоли қарзии ташкилот беш аз 20 миллион сомонӣ буда, ҳудуди 600 нафар мизоҷони фаъол дорад. Маоши миёнаи кормандон 2500 сомонӣ буда, дар ин ҷо вобаста ба ҳаҷми кор ва вазифа беш аз 4000 сомонӣ маош низ мегиранд”, - иттилоъ дод дафтари матбуоти раиси Суғд.

Нурмахмадзода Джамшед Председатель Национального банка Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Барканории раиси 2 бонк баъди ошкори камбудиҳо ва муомилот бо ҷинояткорон

Азми ин Фонд барои роҳандозии бонкдории исломӣ дар ҳолест, ки  ахиран Шариф Раҳимзода, роҳбари Кумитаи иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагон шеваи кори ин намуди бонкдориро шарҳ дод. Ӯ зимни ҷаласаи парлумон гуфт, мувофиқи қоидаҳои шариат гирифтани баҳра манъ мебошад.

“Бинобар ин, дар давлати исломӣ гирифтани фоиз мамнӯъ аст. Онҳо дар асоси шартномаи байни бонк ва шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ фоидаро тақсим мекунанд. Даромадҳои бонк аз ҳамин чиз ташаккул меёбад. Онҳое, ки дар бонкҳо маблағ мегузоранд, аз натиҷаи фаъолияти бонк барояшон даромад ҷудо карда мешавад”, - изҳор дошт Шариф Раҳимзода.

Лентаи хабарҳо
0