Малика дар рақс: насби пайкараи 2 фарҳангии тоҷик дар Душанбе - аксҳо

© дафтари матбуоти раисиҷумҳури ТоҷикистонПайкараи ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шуравӣ Малика Собирова дар боғи Куруши Кабири Душанбе
Пайкараи ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шуравӣ Малика Собирова дар боғи Куруши Кабири Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Дар маркази шаҳри Душанбе, дар боғи навбунёди Куруши Кабир ду маҷассамаи ҷадид қомат афрохтанд

ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар ду тарафи боғ пайкараи ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шуравӣ Малика Собирова ва муҷассамаи мусаввир, наққоши тоҷик Камолиддин Беҳзод ҷой дода шудааст.  

© дафтари матбуоти раисиҷумҳури ТоҷикистонМуҷассамаи мусаввир ва наққоши тоҷик Камолиддин Беҳзод дар боғи Куруши Кабири шаҳри Душанбе
Малика дар рақс: насби пайкараи 2 фарҳангии тоҷик дар Душанбе - аксҳо - Sputnik Тоҷикистон
Муҷассамаи мусаввир ва наққоши тоҷик Камолиддин Беҳзод дар боғи Куруши Кабири шаҳри Душанбе

Манбаъ ҳадафи ин иқдомро гиромидошти хизматҳои арзандаи Беҳзод ва Собиров дар соҳаи фарҳанги кишвар хонд.

© дафтари матбуоти раисиҷумҳури ТоҷикистонПайкараи ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шуравӣ Малика Собирова дар боғи Куруши Кабири Душанбе
Малика дар рақс: насби пайкараи 2 фарҳангии тоҷик дар Душанбе - аксҳо - Sputnik Тоҷикистон
Пайкараи ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шуравӣ Малика Собирова дар боғи Куруши Кабири Душанбе

Малика Собирова 22 май соли 1942 ба дунё омада, 27 феврали соли 1982 вафот кард. Ӯ соли 1961 Омӯзишгоҳи хореографии Ленинград (имрӯза Академияи балети рус ба номи А.Я. Ваганов)-ро бомуваффақият хатм карда, фаъолияти худро чун солисткаи балет дар Театри  опера ва балети ба номи С.Айнӣ оғоз мекунад.

Аввалин нақши худро дар намоиши "Шелкунчик"  П.И.Чайковский ҳанӯз дар солҳои донишҷӯияш дар саҳнаи Театри опера ва балети ба номи С.М. Кирови шаҳри Ленинград иҷро карда буд.

Лауреати озмунҳои байналмилалӣ дар Варна ва Москва мебошад. Чандин маротиба дар саҳнаҳои Театри калони СССР, театрҳои Ленинград, Ереван, Рига, Вилнюс, Горков, Одесса, Свердловск, Новосибирск, Оренбург, Алма-ато, Фрунзе, Тошкент ва Кишинев рақсида, ба бисёр кишварҳои ҷаҳон сафар кардааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала