Хонаи ҷавонзанро дар Хуҷанд дуздон дар 1 моҳ 3 бор задаанд: 46,8 ҳазор сомониро бурдаанд

© Sputnik / Стас ЭтвешЖители города Худжанд на площади Регистан перед городским рынком Панчанбе
Жители города Худжанд на площади Регистан перед городским рынком Панчанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
НовостиTelegram
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуруҳи сенафарии ноболиғони 16-17-соларо дар дуздии пул, ҷавоҳирот ва телефон бо арзиши умумии беш аз 46 ҳазор сомонӣ муттаҳам мекунад

ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД Тоҷикистон, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ маъмурини милиса 3 писарбачаи 16-17-сола, сокинони шаҳри Хуҷандро бо гумони дуздӣ дастгир карданд.

Конверт с деньгами, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ожонси зидди фасод: Назаров аз корафтода 5 ҳазор сомонӣ пора хостааст

Манбаъ афзуд, ки муттаҳамон тайи як моҳ се бор як хонаро ҳадафи дуздӣ қарор дода, дар маҷмуъ аз 2 май то 2 июни соли ҷорӣ беш аз 46 ҳазор сомониро бо худ бурдаанд.

“Номбурдагон, рӯзи 2-юми майи соли 2019, тахминан соати 14:00-дақиқа, такроран санаи 12-уми майи соли ҷорӣ ва рӯзи 2-юми июни соли 2019, тахминан соати 11:30-дақиқа, ба хонаи истиқоматии зани 37-солаи сокини шаҳри Хуҷанд даромада, аз он ҷо 34000 сомонӣ, 35000 рубли русӣ, 500-доллари ИМА, 1 адад гарданбанди тиллоӣ ва 1 адад телефони мобилии тамғаи “Айфон-5”-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд”, - омадааст дар иттилоия.

Дар вақти намозхонӣ ба дуздӣ машғул мешудааст: боздошти дузди чолок дар Хуҷанд

ВУД мегӯяд, дар натиҷа, зани ҷабрдида аз дасти ноболиғон ба маблағи 46 ҳазору 800 сомонӣ зарари моддӣ дидааст.

Мақомоти умури дохилӣ таъкид карданд, ки исбати ноболиғон парвандаи ҷиноятӣ бар асоси моддаи 244 қисми 3-и Кодекси ҷиноӣ, барои дуздӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0