Путину Ҷинпин савори лимузинҳои хусусӣ: Раҳмону Мирзиёев чӣ?-видео аз Бишкек

Обуна шудан
Дар Бишкек нишасти СҲШ баргузор шуд, ки дар он намояндагони воломақоми 11 кишвар ширкат карданд. Президенте бо худ худрави хусусбӣ оварду баъзеҳо савори мошинҳои дастгоҳи президенти Қирғизистон шуданд

Sputnik Қирғизистон маълум кард, ки меҳмонони воломақом дар пойтахти Қирғизистон савори кадом навъи худравҳо буданд.

Президенти ФР Владимир Путин савори лимузини хусусиаш-Aurus, аст.  Бори аввал сокинони Бишкек мошини Путинро зимни сафари давлатиаш, авохири моҳи майи соли ҷорӣ дида буданд.

Президент Афганистана Мохаммад Ашраф Гани прибыл на Boeing 737-300 - Sputnik Тоҷикистон
Ҳавопаймои президентҳо: кӣ бо кадоме ба Бишкек парвоз кард?

Раисиҷумҳури Чин Си Ҷинпин ҳам, савори лимузини хусусӣ-N501, ки аз ҷониби ширкати Hongqi сохта шудааст, дар кӯчаҳои Бишкек ҳаракат мекунад. Монанди Aurus ин мошин ягона дар ҷаҳон мебошад.

Президенти Қазоқистон Қосим Ҷомарт Тоқаев ҳам дар Бишкек савори мошини хусусӣ ҳаст.  Ӯ савори Mercedes-Maybach S600 ҳаракат мекунад. Боре Нурсултон Назарбоев савори ҳамин худрав дар Вашингтон ба навор афтода буд.

Бояд қайд кард, ки соли 2013 дар пешорӯи нишасти СҲШ Русия ба Қирғизистон худравҳои вижа барои меҳмонони воломақом ҳадя кард. Он замон ба  Бишкек панҷ мошини BMW 760Li High Security, даҳ микроавтобуси VIP- Ford Transit ва як чархболи VIP-Ми-8 МТВ-1 оварда шуд.

Президенти Муғулистон Халмаагийн Баттулга савори яке аз ҳамон мошинҳои BMW аст. 

Савори BMW 760Li-и дигар президенти Эрон Ҳасан Рӯҳонӣ шуд.  BMW-и сеюмро кишвардори Афғонистон ва чаҳорумро раҳбари Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков савор шудааст.

Ҳамчунин дастгоҳи раисиҷумҳури Қирғизистон дорои мошинҳои навъи Mercedes S-class W222 мебошад. Президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раҳбари Беларус Александр Лукашенко ва нахуствазирони Ҳиндустону Покистон савори ҳамин навъи мошинҳо шуданд.

Лентаи хабарҳо
0