Раҷаббой Аҳмадзода аз нерӯгоҳи Қайроққум дидан кард

© Sputnik / Борис Ушмайкин / Гузариш ба медиабонкКайраккумская ГЭС, архивное фото
Кайраккумская ГЭС, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода аз таҷдиди нерӯгоҳи Қайроқум гуфт

ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Гулистон рафта, бо фаъолияти Нерӯгоҳи барқи обии Қайроққум ошно гардидааст, хабар медиҳад мақомоти вилояти Суғд.

Тавре дар аснои шиносоӣ иттилоъ дода шуд, ду агрегати аввали Нерӯгоҳи барқи обии Қайроққум соли 1956 ва чаҳор агрегати дигари он соли 1957 ба кор андохта шуда, нерӯгоҳ беш аз 60 сол инҷониб фаъолият дорад.

Бо гузашти солҳо имрӯз нерӯгоҳ ба таҷдид ниёз пайдо намудааст ва маҳз бо назардошти ҳамин омил Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмиру навсозии Нерӯгоҳи барқи обии Қайроққумро ба нақша гирифтааст.

Ба иттилои масъулин имрӯзҳо корҳои омӯзишиву таҳқиқотӣ ҷараён дошта, барои татбиқи лоиҳаи таҷдиди нерӯгоҳ наздик 150 миллион доллари ИМА равона карда хоҳад шуд.

Дар асоси лоиҳа таҷдиди таҷҳизоти асосию ёрирасони нерӯгоҳ, дастгоҳи тақсимкунандаи 110 кВт, аз 126МВт то ба 174 МВт расонидани иқтидори нерӯгоҳ дар назар дошта шудааст.

Раиси вилоят Аҳмадзода зимни суҳбат бо масъулин ва мутахассисони нерӯгоҳ иброз дошт, ки дар натиҷаи тадбирандешиҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чанд соли ахир дар мамлакат як қатор нерӯгоҳҳои хурду бузург мавриди истифода қарор гирифт ва дар натиҷа сокинон пурра бо нерӯи барқ таъмин гардиданд. ​

"Маҳз бо талоши Эмомалӣ Раҳмон чархаи аввалини иншооти азиму стратегии кишвар - Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” фаъол гардида, ​ таҷдиду азнавсозии иншооти дигари энергетикӣ вусъати тоза пайдо кард",-гуфтааст раиси вилоят.

Дар ин раванд Нерӯгоҳи барқи обии Қайроққум низ ба таҷдид фаро гирифта мешавад, ки ҳадафи асосӣ аз ин раванд пурра таъмин намудани талаботи аҳолӣ ва иқтисодиёти мамлакат бо нерӯи барқ дар тамоми фаслҳои сол мебошад.

Пештар хабар дода шуд, ки корҳои барқарорсозӣ ва таҷдиди Неругоҳи барқи обии “Қайроққум” моҳи майи ҳамин сол оғоз мегардад.

Лоиҳаи мазкур бо маблағгузории Бонки аврупоии таҷдид ва рушд,  Бонки сармоягузории  Урупо ва “Фонди байналмилалии иқлими сабз” дар ду марҳила амалӣ мегардад.

Муҳлати татбиқи лоиҳа аз оғози корҳо то интиҳо 57 моҳро ташкил медиҳад. Дар марҳилаи якуми лоиҳа 71 миллион доллар ва дар марҳилаи дуюм 88 миллион доллар масраф хоҳад шуд. Маблағи умумии татбиқи лоиҳа 159 миллион доллар ро ташкил медиҳад.

 

Нерӯгоҳи Қайроқумро ширкати GE Renewable Energy таҷдиду навсозӣ хоҳад кард.

Лентаи хабарҳо
0