Тими Тоҷикистон дар “Eurasian Athletics Meeting U-20” 10 медал гирифт

© PixabayБег, архивное фото
Бег, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон – “U-20” дар риштаи варзиши сабук дар мусобиқаи байналмилалии “Eurasian Athletics Meeting U-20” дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон 10 медал, аз ҷумла 5 нуқра ва 5 биринҷӣ ба даст оварданд

ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, мусобиқаи мазкур бо иштироки варзишгарони 6 давлат – Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбакистон ва Ҳиндустон баргузор шуд

“Варзишгарони ҷавони тоҷик Илдар Аҳмадиев дар дав ба масофаи 100 метр бо натиҷаи 10.72 сония, Шероз Ҷабборов дар масофаи 3000 метр бо натиҷаи 11:04.25 дақиқа, Маҳбуба Тоштемирова дар масофаи 3000 метр бо натиҷаи 15:10.07 дақиқа, Лолахон Ҷумъаева дар партофти гулула бо натиҷаи 7.00 метр сазовори медалҳои нуқра гардиданд”, - омадааст дар иттилоияи Кумитаи миллии олимпӣ.

Ин ниҳод инчунин иттилоъ дод, ки дастаи Тоҷикистон дар эстафетаи 4х100 метр миёни мардон дар ҳайати Илдар Аҳмадиев, Юсуфҷон Бекмуродов, Мирзодавлат Сангинзода ва Муҳаммадалӣ Мирзозода  бо натиҷаи 43.12 сония медалҳои нуқра гирифтанд.

Дар мавриди соҳибони 5 медали биринҷӣ Кумитаи миллӣ афзуд, ки Бобоҷон Якинов дар масофаи 5000 метр бо натиҷаи 16:42.13 дақиқа медали биринҷӣ ба даст овард.

Леонид Пронженко дар масофаи 400 метр бо монеа бо натиҷаи 55.69 сония, Илдар Аҳмадиев дар ҷаҳиш ба дарозӣ бо натиҷаи 7.10 метр, Манзаршоҳ Аъзамзода дар партофти гулула бо натиҷаи 11.90 метр ва партофти диск бо натиҷаи 37.79 метр медалҳои биринҷӣ ба даст оварданд.

Лентаи хабарҳо
0