Шӯхиҳои Раҳмону хандаҳои Путин: навори сайру гашти президентҳо дар Варзоб - Видео

Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон сарони кишварҳоро ба манзиле медарорад, ки урфу одатҳои зиндагии тоҷиконро таҷассум мекард. Эмомалӣ Раҳмон ашёи анҷоми дохили хонаро ба раисҷумҳурон тавзеҳ медиҳад ва ҷое шӯхие карда, ҳамаро механдонаду раисҷумҳури Русия Владимир Путинро дӯстон ба оғӯш мекашад

Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон аз рафти шоми дӯстӣ дар бӯстонсарои ҳукумати шаҳри Душанбе дар Варзоб навори ҷолиберо мунташир кардааст.

Тавре дар навор дида мешавад, бӯстонсаро дар лаби рӯде ҷойгир шудаву табиати хело зебо дорад.

Дар аввали видео раисҷумҳурон ба воситаи пуле вориди он мешаванд.

Бӯстонсаро хело идона оро дода шудааст: полизҳо пур аз меваҷот, ҳайкалҳои ҳайвонҳои нодири Тоҷикистон диққати ҳамагонро ҷалб мекунанду  дар кунҷе таббохон нон мепазанд.

Раисҷумҳур, ки шахсан президентҳоро раҳнамоӣ мекард, онҳоро вориди ҳуҷрае месозад, ки урфу одатҳои зиндагии тоҷиконро таҷассум мекард.

Аз навор маълум мешавад, ки Эмомалӣ Раҳмон ба кати хона ишора намуда, ба Путин ва дигар президентҳо онро тавсиф мекунад.

Раисҷумҳури Русия Владимир Путин, ки дар бари Раҳмон меистод, дар посух ба зоҳиран ҳазлу шӯхии раисҷумҳури Тоҷикистон чизе мегӯяду онҳо ҳамдигарро ба оғӯш мегиранд: ин вақт ҳозирон механаданд.

Дар идомаи навор сақфи кандакоришуда, шаршараи бисёр зебо, ҳайкалҳои ҳайвоноти нодири Тоҷикистон таҷассум мешавад.

Дар анҷоми президентҳо дар лаби рӯд сӯҳбаташонро идома медиҳанд.

Лентаи хабарҳо
0