Варзоб, зодрӯз, яхмос ва меҳмондории Раҳмон: беҳтарин лаҳзаҳои МҲТБО дар гузориши аксӣ

Рӯзи 15 июни соли 2019 дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Барои ширкат дар кори ҳамоиши сатҳи байналмилалӣ сарони давлатҳо, ҳукуматҳо ва намояндагони воломақоми кишварҳои узв — Тоҷикистон, Озарбойҷон, Афғонистон, Баҳрайн, Бангладеш, Ветнам, Миср, Исроил, Ҳиндустон, Урдун, Ироқ, Эрон, Қазоқистон, Қатар, Камбоҷа, Чин, Корея, Қирғизистон, Муғулистон, Аморати Муттаҳидаи Араб, Покистон, Фаластин, Русия, Таиланд, Туркия, Ҷумҳурии Узбакистон, Шри-Ланка ҷамъ омаданд.

Посещение озера Сарез Генеральным секретарем ООН Антониу Гутерришем  - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон афсурдагии Тускро аз дидани Сарез дар суханрониаш тасдиқ кард

Ҳамчунин роҳбарону намояндагони давлатҳои нозир — Индонезия, Филиппин, Белорус, Украина, Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Япония, роҳбарони ташкилоту созмонҳои байналамилалии нозир ва шарик — Созмони Милали Муттаҳид (СММ), Созмони байналмилалии муҳоҷират, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), Ассамблеяи парламентии кишварҳои туркзабон, Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) ва меҳмони ҳамоиш — Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар “Кохи Наврӯз” ба ҳам омаданд.

Эмомалӣ Раҳмон мизбони ин ҳамоиши сатҳи баланд сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо — Раиси Иҷроияи  Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳ, сарвазири Озарбойҷон Наврӯз Исмоил оғлу Мамедов, сарвазири Камбоҷа Хун Сен, ноиби президенти Ветнам хонум Данг Тхи Нгок Тхин, президенти Бангладеш Муҳаммад Абдул Ҳамид, президенти Шри-Ланка Майтрипала Сирисена, ммири Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ, президенти Эрон Ҳасани Руҳонӣ, президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон, президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков, президенти Қазоқистон Қосим Жомарт Токаев, президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев, президенти Русия Владимир Путин, раиси Чин Си Ҷинпин, ва роҳбарони ташкилоту созмонҳои бонуфузи оламро гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Эмомали Рахмон на саммите Совещания по взаимодействию и мерам доверия в Азии (СВМДА) - Sputnik Тоҷикистон
Нигаронии ҷиддии Эмомалӣ Раҳмон аз вазъияти печидаи Афғонистон

Маросими аксбардории роҳбари кишвари мизбон, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони давлат ва ҳайатҳо дар толорҳои “Дидор” ва “Аржанг” сурат гирифт.

Макони асосии баргузории Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ оид ба тадбирҳои боварӣ дар Осиё толори пурнақшу нигори “Зарандуд” интихоб гардид.

Эмомалӣ Раҳмон кори ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ оид ба тадбирҳои боварӣ дар Осиёро, ки ин навбат таҳти раёсати Тоҷикистон сурат мегирад, ифтитоҳ карда, ҳамаи иштирокчиёнро ба Тоҷикистон самимона хайрамақдам гуфтанд.

Мавриди зикр аст, ки барои дар сатҳи баланди ташкилӣ доир кардани ҳамоиш пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе идона ороста шуда, шиору овезаҳо бо матни истиқболи самимии сарони давлатҳои иштирокчӣ ва нозир, рамзи ҳамоиш дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр омода ва насб гардид.

Вечер Дружбы - Sputnik Тоҷикистон
Дар меҳмонии Эмомалӣ Раҳмон: шоми амирон дар Тоҷикистон чӣ гуна гузашт?

Ҷараёни кори Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиёро таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон 650 нафар намояндагони ВАО-и дохил ва хориҷ, хабарнигорони рӯзномаву маҷаллаҳо, радиоҳо, телевизионҳо ва агентиҳои иттилоотӣ аз кишварҳои Тоҷикистон, Чин, Канада, Баҳрайн, АМА, Афғонистон, Эрон, Камбоҷа, Туркия, Ҳиндустон, Белорус, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Ветнам, Покистон, Бангладеш, Лубнон, Шри-Ланка, Қирғизистон, Россия, Ироқ ва дигар агентиҳои иттилоотӣ инъикос мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё — МҲТБО, анҷумани байнидавлатӣ ва созмони минтақавиест, ки соли 1992 бо дастгирии СММ таъсис ёфтааст.

Кохи Навруз в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Аз "Кохи Наврӯз" то "Боғи Рӯдакӣ": экскурсияи ёвари Раҳмон барои хабарнигорони хориҷӣ

Баррасии масоили амният ва ҳамкорӣ дар қитъаи Осиё ва саҳмгузорӣ дар ҷараёни ҷаҳонии мубориза бо терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории фаромиллӣ аз ҳадафҳои асосии ин ҳамоиш аст.

Мақомоти олии қабули қарор ҳамоиши нишасти сарони кишварҳо ва ҳукуматҳои аъзо буда, он дар чор сол як маротиба баргузор мегардад.

Охирин ҳамоиш 21 майи соли 2014 дар шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардида буд.

Роҳбарӣ дар Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё тирамоҳи соли 2018 аз Чин ба Тоҷикистон гузашт.

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузаштан ба хазинаи аксМаросими аксбардории роҳбари кишвари мизбон, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони давлат ва ҳайатҳо дар толорҳои “Дидор” ва “Аржанг” сурат гирифт.
На церемонии фотографирования глав делегаций государств и международных организаций, принимающих участие в Совещании по взаимодействию и мерам доверия в Азии (СВМДА) - Sputnik Тоҷикистон
1/12
Маросими аксбардории роҳбари кишвари мизбон, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони давлат ва ҳайатҳо дар толорҳои “Дидор” ва “Аржанг” сурат гирифт.
© Sputnik / Амир ИсаевЭмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар нишасти МҲТБО
Эмомали Рахмон на саммите Совещания по взаимодействию и мерам доверия в Азии (СВМДА) - Sputnik Тоҷикистон
2/12
Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар нишасти МҲТБО
© пресс-служба президента ТаджикистанаШоми дӯстӣ дар Варзоб.
Шоми дӯстӣ дар Варзоб - Sputnik Тоҷикистон
3/12
Шоми дӯстӣ дар Варзоб.
© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанСафари кории президенти Русия Влаимир Путин ба Душанбе барои ширкат дар нишасти МҲТБО.
Рабочий визит президента РФ В. Путина в Таджикистан для участия в СВМДА - Sputnik Тоҷикистон
4/12
Сафари кории президенти Русия Влаимир Путин ба Душанбе барои ширкат дар нишасти МҲТБО.
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в FacebookДидору мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин дар ҳошияи нишасти МҲТБО.
Пленарное заседание Владимира Путина на саммите СВМДА в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
5/12
Дидору мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин дар ҳошияи нишасти МҲТБО.
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в FacebookПрезиденти Шри-Ланка Майтрипала Сирисена ва президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.
Президент Шри-Ланки Майтрипала Сирисена и президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
6/12
Президенти Шри-Ланка Майтрипала Сирисена ва президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.
© Sputnik / Алексей Дружинин / Гузаштан ба хазинаи аксСи Ҷинпин 15 июни соли 1953 дар Пекин таваллуд шудааст. Президенти Русия Владимир Путин ҳамтои чиниашро дар Душанбе ба муносибати 66-солагиаш шодбош гуфт.
Президент РФ Владимир Путин и председатель КНР Си Цзиньпин (второй справа) во время встречи в резиденции китайского лидера в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
7/12
Си Ҷинпин 15 июни соли 1953 дар Пекин таваллуд шудааст. Президенти Русия Владимир Путин ҳамтои чиниашро дар Душанбе ба муносибати 66-солагиаш шодбош гуфт.
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в FacebookПрезиденти Бангладеш Абдул Ҳамид ва раҳбари Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.
Президент Бангладеш Абдул Хамид и лидер Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
8/12
Президенти Бангладеш Абдул Ҳамид ва раҳбари Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.
© пресс-служба президента ТаджикистанаШоми дӯстӣ дар Варзоб. Дар Шоми дӯстӣ сарони давлатҳо аз намоишгоҳи пуршукӯҳи меваю сабзавот, хушкмеваю асал ва дигар неъматҳои бебаҳои Тоҷикистон бархӯрдор шуданд.
Вечер Дружбы - Sputnik Тоҷикистон
9/12
Шоми дӯстӣ дар Варзоб. Дар Шоми дӯстӣ сарони давлатҳо аз намоишгоҳи пуршукӯҳи меваю сабзавот, хушкмеваю асал ва дигар неъматҳои бебаҳои Тоҷикистон бархӯрдор шуданд.
© пресс-служба президента ТаджикистанаШоми 14 июн дар бӯстонсаройи беруназшаҳрӣ Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори сарони давлатҳо ва ҳайатҳои иштирокчии Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё шоми дӯстӣ баргузор кард.

Вечер Дружбы - Sputnik Тоҷикистон
10/12
Шоми 14 июн дар бӯстонсаройи беруназшаҳрӣ Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори сарони давлатҳо ва ҳайатҳои иштирокчии Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё шоми дӯстӣ баргузор кард.

© Sputnik / Алексей Дружинин / Гузаштан ба хазинаи аксПрезиденти Русия Владимир Путин субҳи рӯзи 15 июн дар Душанбе то оғози расмии нишасти бузург роҳбари ҷумҳурии мардумии Чин Си Ҷинпинро бо зодрӯзаш табрик карду ва ба ӯ яхмоси истеҳсоли Русия "Пломбир" тӯҳфа кард.

Президент РФ Владимир Путин и председатель КНР Си Цзиньпин (слева) во время встречи в резиденции китайского лидера в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
11/12
Президенти Русия Владимир Путин субҳи рӯзи 15 июн дар Душанбе то оғози расмии нишасти бузург роҳбари ҷумҳурии мардумии Чин Си Ҷинпинро бо зодрӯзаш табрик карду ва ба ӯ яхмоси истеҳсоли Русия "Пломбир" тӯҳфа кард.

© Официальная страница пресс-службы президента РТ в FacebookПрезиденти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва амири Қатар Тамим бен Ҳамад Ал Тани.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и эмир Катара Тамим бен Хамад Аль Тани - Sputnik Тоҷикистон
12/12
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва амири Қатар Тамим бен Ҳамад Ал Тани.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала