Ҳавасмандии Тоҷикистон ба рушди муносибот бо Аморот

© Sputnik / Юрий Абрамочкин / Гузариш ба медиабонкПамятник в честь создания ОАЭ
Памятник в честь создания ОАЭ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо сафири Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот кард

ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин имрӯз сафири  Амороти Муттаҳидаи Араб дар Тоҷикистон бо иқомат дар Нул-Султон Муҳаммад Аҳмад Султон ал-Ҷобирро  ба ҳузур пазируфт. 

Бино ба гузориши равобити умумии Вазортаи хориҷии Тоҷикистон, зимни мулоқот вобаста ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Амороти Муттаҳидаи Араб табодули назар намуданд.

Аморат хостори зудтар фиристодани қувваи корӣ аз Тоҷикистон шуд

"Ҷонибҳо оид ба тавсеаи ҳамкориҳои минбаъда миёни кишварҳо бо мақсади рушди дӯстии анъанавии Тоҷикистону Аморот, ки ба руҳияи муносибатҳои тарафайни мардумони ду кишвар мувофиқ аст, изҳори ҳавасмандӣ намуданд",-омадааст дар хабарнома.

Арабҳо бо ҳунарҳои тоҷикӣ шинос шуданд ва оши палав хурданд

 

Лентаи хабарҳо
0