Фаррух Амонатов Ҷоми шаҳрдори Мумбайро соҳиб шуд

Фаррух Амонатов, шоҳмотбози машҳури Тоҷикистон дар 12-умин мусобиқа барои Ҷоми шаҳрдори Мумбай ғолиб гардид

ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, мусобиқаи байналмилалии дараҷаи “А” барои дарёфти Ҷоми шаҳрдори Мумбай, ки бори 12-ум баргузор мешавад, рӯзҳои 7-16 июн 217 шатранҷбоз аз 21 давлати дунёро ба ҳам овард.

Нахустин мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот Ҷоми Пешвои миллат - Sputnik Тоҷикистон
Рақобат барои 100 000 сомонӣ: гузориши аксӣ аз сабқати ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот

Манбаъ афзуд, ки Фаррух Амонатов дар 10 даври мусобиқа бо ба даст овардани 8 хол ғолиб гардид.

“Ӯ дар 6 давр бар ҳарифонаш аз ҷумҳуриҳои Ҳиндустон - 4 нафар, Бангладеш ва Чилӣ ғолиб гардида, дар 4 давр бо намояндагони кишварҳои Ҳиндустон, Белгия, Арманистон ва Бразилия мусовӣ бозӣ кард”, - омадааст дар иттилоия.

Кумитаи миллии олимпӣ илова намуд, ки Фаррух Амонатов соли гузашта низ дар 11-умин Ҷоми шаҳрдори Мумбай ғолиб ва соҳиби 5000 доллар гардида буд.

Шоҳмотбози дигари тоҷик Муҳаммад Ҳусейнхоҷаев дар 12-умин мусобиқа барои Ҷоми шаҳрдори Мумбай бо 7 хол ҷои 11-умро ишғол кард.

Хазинаи ин мусобиқа 360 000 000 рупияи Ҳиндустонро ташкил медиҳад ва варзишгароне, ки то ҷои 10-умро ишғол кардаанд, соҳиби ҷоизапулӣ мегарданд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала