Мақомдори афғон аз мушкилоти сармоягузорӣ то фиребкориву дағалбозии тоҷирони тоҷик

© Sputnik / Владимир ФедоренкоПортфель с документами
Портфель с документами - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тоҷирони Афғонистон ба сармоягузори намудан ба иқтисоди Тоҷикистон алоқамандӣ доранд, аммо ҳангоме, ки ба бозори ҷумҳурӣ ворид мегарданд дучори як силсила мушкилот мешавад

ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Сайфиддини Соис, раиси санъаткорҳои Бадахшони Афғонистон дар суҳбат бо Sputnik Тоыикистон гуфт, тоҷирони афғон аз ҳукумати Тоҷикистон хоҳиш намуданд, барои тоҷирон як фазое бисозанд, ки тоҷирон тавонанд дар ҷумҳурӣ бо роҳат сармоягузорӣ намоянд.

“Тоҷирони афғон дар Тоҷикистон ба як силсила мушкилот мунҷар мешаванд. Мо як нишонии мушахасе, ки мо ба онҷо муроҷиат намоем ва мушкилоти худро ҳал намоем, ҳануз пайдо накардем” - гуфт, вай.

В СЭЗ Сугд ведутся работы по открытию крупного производственного предприятия - Sputnik Тоҷикистон
Минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон бо мутахассисони бо таҷриба ниёз доранд

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи Сайфидини Соис тоҷирони афғон алоқаманд ҳастанд ба иқтисоди  Тоҷикистон сармоягузорӣ кунанд. Аммо ба гуфтаи вай бояд давлати Тоҷикистон барои тоҷирони афғон як фазои муносиб бисозад.

Вай афзуд, ки давлати Узбакистон барои ҷалби сармоягузорони афғон имтиёзҳои зиёде пешниҳод намудааст.

“Барои мисол Узбакистон барои сармоягузорон шароити хебе фароҳам овардааст. Раводиди Узбакистон барои тоҷирони афғон  аз 30 то 50 долларро ташкил медиҳад, дар ҳоле, ки консулгариҳо ва сафоратхонаҳое, ки дар дохили Афғонистон ҳастан барои раводид аз 400 то 500 доллар маблағ мегиранд. Инчунин тоҷирони афғон метавонанд дар Узбкистон замину хона бихаранд. Мо имкони зиндагӣ кардан дорем дар онҷо. Аммо мутаасифона чунин як заминае дар Тоҷикистон вуҷуд надорад, ки барои тоҷири Афғонистон заминасоз шавад”, таъкид кард раиси санъаткорҳои Бадахшони Афғонистон.

Инчунин мақомдори афғон илова кард, ки миёни тоҷирони Тоҷикистону Афғонистон як садоқати корӣ вуҷуд надорад.

“Аксаран тоҷирони Тоҷикистон моро фиребкориву дағалбозӣ мекунанд. Пулҳои тоҷирони афғонро  гирифта дубора барнамегардонанд. Ба ҳамин хотир мо ҳануз эътимод накардем, ки дар Тоҷикистон сармоягузори кунем”, - қайд кард Сайфиддини Соис.

Вай пешниҳод намуд, ки давлати Тоҷикистон барои ҷалби тоҷирони афғон бояд чанд корро анҷом диҳад.

Крепость Хулбук в городе Курган-Тюбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Коршинос: рушди соҳаи сайёҳӣ ба се мушкилоти бузург рӯ ба рӯ шудааст

Аввал мақомоти Тоҷикистон дар гирифтани раводид тағирот ворид намояд, то гирифтани раводид осонтар гардад. Кумитаҳои муштарак миёни тоҷирони Афғонистону Тоҷикистон эъҷод намояд. Утоқҳои тиҷорати ҳарду кишвар бояд робита эъҷод намоянд, то тавонанд тоҷиронро ташвиқ намоянд ва вориди бозори Тоҷикистон гарданд.

“Мо интизор дорем, ки дар қонунҳои Тоҷикистон барои тоҷирони Афғонистон як намуд сабукиҳо ворид гардад ва мо тавонем дар Тоҷикистон хона бихарем, зиндагӣ ва сармоягузорӣ кунем”, -зикр намуд вай.

Вай афзуд тоҷирони афғон алоқаманд ҳастанд дар Тоҷикистон сармоягузорӣ намоянд. Вай гуфт Тоҷикистону Афғонистон забони муштарак доранд ва ниёз ба тарҷумон надорем, инчунин мо фарҳунгу хусусиятҳои калони муштарак дорем ва мо алоқаманд ҳастем, ки аз сармояҳое, ки ба ҷумҳурӣ ворид мегарданд ҳам тоҷирони афғон ва ҳам тоҷикон суд бигиранд.

Лозим ба ёдоварист, ки ахиран 14-15-ӯми июн дар шаҳри Кӯлоб Форуми байналмилалии соҳибкорон баргузор гардид.

Дар доираи Форум як қатор санадҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ, аз ҷумла Созишномаи қолабӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Корпоратсияи байналмилалии исломӣ оид ба маблағгузории тиҷорат (ITFC)”, “Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати дорои масъулияти маҳдуди “Каши Синюй Дади Майнинг” ба имзо расид.

Инчунин дар форуми мазкур Ёддошти тафоҳум оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ бо ширкат оид ба захираҳои “Тибет-Эверест”, “Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни мақомоти шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ориён-Рустам” оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаи истеҳсоли маҳсулоти хурокворӣ” ва Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни мақомоти вилояти Хатлон ва вилояти Балхи Афғонистон ба имзо расонида шуд.

Международный инвестиционный Форум в городе Куляб Хатлонской области - Sputnik Тоҷикистон
Хатлон дар ҷустуҷӯи сармоягузори хориҷист: мақомот сармоягузоронро ба Кӯлоб даъват кард

Ёдрас мешавем, ки дар давоми ду моҳи соли равон ба иқтисоди Тоҷикистон беш аз 1,5 миллиард сомонӣ (160,4 миллион доллар) сармоя ворид гаштааст

Дар ду моҳи соли 2019 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба иқтисоди Тоҷикистон 16,1 дарсад сармоя бештар ворид гаштааст

Дар ҳамин ҳол, дар ҳамин давра иншоотҳои соҳаи истеҳсолоти  кишвар беш аз 1 миллиард сомонӣ ва соҳаи ғайриистеҳсолӣ беш аз 428,9 миллион сомониро аз худ карданд.

Барои сохтмони иншоотҳои энергетикӣ 835 миллион сомонӣ ва дар соҳаи нақлиёту алоқа 44,6 миллион сомонӣ масраф шудааст.

Ёдрас мешавем, қаблан сарвазири Тоҷикитстон Қоҳир Расулзода, эълон карда буд, ки ҳаҷми сармоягузориҳои Русия ба ҷумҳурӣ 1,67 миллиард долларро ташил медиҳад. Аз ин рақам 925 миллион доллар ин сармоягузориҳои мустақимро ташкил медиҳад.

Лентаи хабарҳо
0