Бинои озмоишгоҳи Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии Хуҷанд бозсозӣ мешавад

CC0 / Pixabay / Строитель, архивное фото
Строитель, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Айни замон мақомоти шаҳри Хуҷанд барои азнавсозии бинои озмоишгоҳ 100 ҳазор сомонӣ ҷудо намудааст

ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik.  Бинои озмоишгоҳи Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд таъмиру бозсозӣ мегардад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти мақомоти шаҳри Хуҷанд.

Манбаъ таъкид намудааст, ки бинои озмоишгоҳи мазкур солҳои 60-уми асри гузашта бунёд гардида, бори аввал аст, ки дар замони Истиқлолият рӯйи таъмирро дида, пурра азнавсозӣ ва бо аспобҳои муосири озмоишгоҳӣ таъмин мегардад.

Ярмарка Сугд - 2018 в Худжанде - Sputnik Тоҷикистон
Ҳама ба Хуҷанд: то баргузории ярмаркаи “Суғд — 2019” се рӯз монд

Инчунин манбаъ хабар додааст, ки дар бинои озмоишгоҳ 12 адад утоқҳои корӣ навсозӣ гардида, ҳамзамон утоқҳои махсуси ёрирасони хизматрасонии озмоишгоҳӣ мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ бунёд мегарданд.

“Алҳол барои азнавсозии бинои озмоишгоҳ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд 100 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст ва беш аз 10 нафар сохтмончиён бо кори доимӣ дар ду баст фаъолияти пурсамар доранд”, - зикр намудааст мақомоти шаҳри Хуҷанд.

Роҳбарияти мақомоти шаҳри Хуҷанд таъкид намудааст, ки дар самти татбиқи самарабахши барномаву лоиҳаҳо, инчунин беҳбудбахшии шароити моддиву техникии муассисаҳои тандурустӣ маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва ҷалби сармояи ҳориҷӣ сол ба сол зиёд гардида истодааст.

Лентаи хабарҳо
0