Рафиқашонро куштанд: навори занозании муҳоҷирон дар назди метро дар Маскав - Видео

© Sputnik / Табылды КадырбековДрака
Драка - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба гуфтаи шоҳидон, як гурӯҳ муҳоҷирон рафиқашонро то мурдан кӯфтанд. Се тани дигар аз корд маҷрӯҳ шудаанд

ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Дар ҷанҷоли назди метрои "Электрозаводская" дар Маскав 10 муҳоҷири қирғиз иштирок доштанд. Қазияро дурбине, ки дар наздикии ҷойи ҳодиса насб шуда будааст, ба навор гирфтааст.

Дар он дида мешавад, ки чанд мард аз ресторани "Иссиқ-Кӯл" мебароянд ва баъди чанде ба ҳамдигар дармеафтанд.

Онҳо чандкаса рафиқашонро пайгирӣ намуда, бо калтак ӯро латтукӯб мекунанд.

Дар рафти ҷанҷол гурӯҳ аз ин тарафи кӯча ба тарафи дигар мегузарад ва дар ҳар ду ҷониби роҳ ҳамон як мардро латтукӯб мекунад. Вақте ӯ аз пой меафтад, онҳо пароканда мешаванд.

Ёдрас мешавем, ҷанҷол субҳи имрӯз слоати 05:30 сар зад. Дар натиҷа 1 нафар кушта ва 3 нафар ҷароҳат бардоштанд. Таҳқиқи қазияро мақомоти Русия оғоз карда, парвандаи ҷиноиро мувофиқи моддаи "Куштор" оғоз кардаанд.

Ин шаҳрвандони Қирғизистон аз 18 то 20-сола будаанд.

Лентаи хабарҳо
0