Профессор Ҷӯраев аз ҳисоби худ як кӯчаи шаҳри Хуҷандро мумфарш кард

© © Пресс-служба президента ТаджикистанаАсфальтоукладчик, архивное фото
Асфальтоукладчик, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Профессор, дорандаи ҷоизаи Камоли Хуҷандӣ, Раиси бахши суғдии Иттифоқи дизайнерони Тоҷикистон Ғафурҷон Ҷӯраев яке аз кӯчаи маҳали зисташро дар шаҳри Хуҷанд аз ҳисоби худ мумфарш кард

ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳри Хуҷанд, субҳи имрӯз аз ҷониби Арбоби ҳунари Тоҷикистон, профессор, дорандаи ҷоизаи Камоли Хуҷандӣ, Раиси бахши суғдии Иттифоқи дизайнерони Тоҷикистон Ғафурҷон Ҷӯраев роҳи кӯчаи Муллоҳоҷӣ Ҷӯраевро, ки он ҷо худ истиқомат мекунад аз ҳисоби худ мумфарш кард.

Строительство автомобильной дороги - Sputnik Тоҷикистон
Муассисаи давлатӣ аз ҳисоби худаш як кӯчаи Хуҷандро бо харҷи 22 ҳазор сомонӣ мумфарш кард

Тавре манбаъ, қайд намудааст, Ғафурҷон Ҷӯраев масофаи 300 метр ё худ дар ҳаҷми 1500 метри мураббаъ аз ҳисоби маблағҳои пасандозии хеш мумфарш намуд.

Манбаъ қайд намудааст, ки аз ин иқдоми хайри Ғафурҷон Ҷӯраев роҳбарияти шаҳри Хуҷанд истиқбол намуда, бо сафарбарнамоии техникаву таҷҳизот ва кормандони Идораи роҳсозии шаҳр баҳри сифатан иҷро намудани корҳо мусоидат намуд. 

Инчунин мақомоти шаҳри Хуҷанд зикр намудааст, ки вусъати корҳои мумфаршкунӣ дар кӯчаву маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд бо иштироки васеъи сокинон, саховатмандон, соҳибкорон ба кори хайрхонаю дастҷамъона табдил ёфтааст.

Ёдрас мешавем, ки соҳибкорон Баҳодурҷон Ваҳҳобов, Акмал Тоҷиев, Раҳматҷон ва Рауфҷон Бобоҷоновҳо кӯчаҳои ба номи М.Олимов ва Ш.Ҳусейнзодаи шащри Конибодомро мумфаршу чароғон карданд. 

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала