Бесарусомониҳо дар Тбилиси: дар Гурҷистон чӣ шуд? - Видео

Кормандони пулис дар Тбилиси зидди тазоҳуротгарони назди бинои парлумони кишвар аз гази ашковар истифода бурданд

Пулис пас аз чанд соати бесурусомонӣ зидди тазоҳуротгарон аз гази ашковар истифода кард, тавзеҳ медиҳад қазияи тазоҳуротро дар Тбилиси Sputnik Гурҷистон.

Дар рафти бесарусомонӣ, бино бар иттилои пешакӣ, 50 нафар маҷрӯҳ шуданд - 14 тазоҳуротгар ва 38 намояндаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.

Тазоҳурот дар Гурҷистон дар пайи сафари вакили Думаи давлатии Русия Сергей Гаврилов ба Тбилиси ба нишасти байнипарлумонӣ ба миён омадааст.

Мухолифин иддао доранд, ки давлат ватанро фурӯхтааст. Ба гуфтаи Ҳукумати кишвар ин "иштибоҳи протоколи"-и ташкилкунандагони нишаст дар Тбилиси буд.

Рӯзи гузашта дар хиёбони Руставелии Гурҷичстон ҳазорҳо нафар гирди ҳам омаданд. Полус пас аз чанд соати тазоҳурот ва талаботи риояи қонун зидди онҳо чора андешид.

Вазорати умури хориҷаи Русия изҳор дошт, ки аз амали радикалҳо, ки кори нишастро боздоштанд, нигаронанд. Ба гуфтаи раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин амали роҳбарияти Груҷистон дар баргузории иҷлосия ба меъёрҳои баргузории чорабиниҳои байналмилалӣ мухолифат мекунад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала