Дар қароргоҳи Раҳмон: Аҳмадзода бо ваколатдори Қирғизистон масоили марзиро баррасӣ кард

© Пресс-служба президента РТПредседатель согдийской области Раджаббой Ахмадзода, архивное фото
Председатель согдийской области Раджаббой Ахмадзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сиёсатмадори тоҷик ва ҳамтояш аз Қирғизистон мегӯянд, ки масъалаҳои мубрами марбут ба марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар асоси протоколу ҳуҷҷатҳои баимзорасида ҳал карда мешавад

ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Нимаи дуюми рӯзи 21 июн раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар қароргоҳи cарвари давлат дар шаҳри Хуҷанд бо намояндаи ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон дар вилояти Ботканд Акрам Мадумаров мулоқот кард.

Возложение цветов к памятнику Исмоила Сомони - Sputnik Тоҷикистон
Ваколатдори ҳукумати Қирғизистон бар пояи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт

Бино ба иттилои мақомоти вилояти Суғд, дар оғози мулоқот раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода меҳмононро ба вилояти Суғд хайрамақдам гуфта, изҳори боварӣ кардааст, ки дар натиҷаи гуфтушунидҳои дар чаҳорчӯби Ярмаркаи VI байналмилалии савдо “Суғд-2019” доиршаванда доираҳои тиҷоративу соҳибкории вилоятҳои Суғду Ботканд ҳамкориҳоро тақвият мебахшанд.

Таъкид карда шудааст, ки бо сиёсати пешгирифтаи  Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Жеенбеков Тоҷикистону Қирғизистон муносиботи дӯстона дошта, дар асоси созишномаҳои дуҷониба робитаҳо густариш меёбанд.

Мушкилӣ дар марз бо Қирғизистон: шарҳи Каримзода дар бораи воридоти бозичаҳои пастсифат

Намояндаи ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон дар вилояти Ботканд Акрам Мадумаров дар навбати худ ташкили Ярмаркаи VI байналмилалии савдо “Суғд-2019”-ро ҷиҳати мубодилаи бештари молу маҳсулот ва таҳкими робитаҳои иқтисодӣ муҳиму саривақтӣ арзёбӣ кардааст.

Таджикская делегация в Кыргызстане - Sputnik Тоҷикистон
Пас аз задухӯрд: Тоҷикистону Қирғизистон дар марз майдонҳои варзишӣ месозанд

"Ҷонибҳо ҳамзамон таъкид доштанд, ки масъалаҳои мубрами марбут ба марзи тарафҳо дар асоси протоколу ҳуҷҷатҳои баимзорасида ҳал карда мешавад",-омадааст дар хабарнома.

Ёдрас мешавем, ки намояндаи ваколатдори Қирғизистон дар вилояти Ботканд Акрам Мадумаров, сафири Белорус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Олег Иванов, муовини раиси вилояти Мински Ҷумҳурии Белорус Игор Макар ва муовини ҳокими вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Узбакистон Муҳсинхуҷа Абдураҳмонов баҳри ширкат дар ҳамоиши байналмилалии "Суғд-2019" ба Хуҷанд омаданд.

Лентаи хабарҳо
0