Футболбозони тоҷик мунтахаби Узбакистонро бо ҳисоби калон шикаст доданд

© Федерация футбола ТаджикистанаЮношеская сборная Таджикистана, архивное фото
Юношеская сборная Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бозии аввали дӯстонаи  дастаҳои  футболи  мунтахаби  то 16-солаи Тоҷикистон ва Узбакистон бо пирӯзии футболбозони тоҷик анҷом ёфт

ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Бозии аввали дӯстонаи  дастаҳои  футболи  мунтахаби  то 16-солаи Тоҷикистон ва Узбакистон 21-уми июни соли равон  дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон дар ин бозӣ футболбозони тоҷик дастаи мунтахаби  наврасони Узбакистонро  бо ҳисоби калони 4:0 шикаст доданд.

Ёдовар мешавем, ки  дастаи мунтахаби  наврасони  Тоҷикистон  бозии дуюми рафиқонаи хешро ба муқобили тими  мунтахаби Узбакистон рӯзи 23 -юми июни соли равон  баргузор мекунанд.

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон озими Санкт-Петербург шуд

Бояд зикр кард, ки дидори мазкур дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд соати 17:30 доир мегардад. Даромад ба варзишгоҳ ройгон аст.

Омодагии наврасони тоҷик ба чепионати Осиё-2020: “Кайрат”-ро 3:0 шикаст доданд

Пештар хабар дода шуд, ки бозигар аз Узбакистон “Куктош”-ро ба ҷои 2-и Чемпионати Тоҷикистон баровард.

Лентаи хабарҳо
0