Санаи бозиҳои даври 6 барои Ҷоми КФО-2019 маълум шуд

Обуна шудан
Бозиҳои даври ниҳоии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё - 2019 26 июни соли равон доир мегарданд

ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Дар даври шашум дастаи футболи “Истиқлол” дар Варзишгоҳи марказии шаҳри  Душанбе дастаи  “Алтин Асир”-ро қабул менамояд, хабар додааст “Ховар”.

Душанбинский Истиклол - Sputnik Тоҷикистон
Пешсафии “Истиқлол” дар сабқати Лигаи олӣ

Дастаи футболи “Хуҷанд” бошад, дар меҳмонӣ бо тими “Дордой” бозӣ хоҳад кард. Рӯзи 19 июн бозиҳои даври панҷуми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2019 дар гурӯҳи “D” баргузор шуд.

Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, “Хуҷанд” дар майдони худ бар тими “Истиқлол”-и Душанбе бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуд.

“Ҳисоб дар дақиқаи 4-уми дидор тавассути голи задаи капитани тими мизбон Ҷаҳонгир Эргашев кушода шуд. Дар дақиқаи 30-юм бозингари тими Душанбе Ҷалил Кимсанов ҳисобро баробар кард. Турсуналӣ Рустамов қабл аз танаффуси дастаҳо ҳисобро ба фоидаи тими Хуҷанд афзуд – 2:1. Эҳсони Панҷшанбе дар дақиқаи 64-ум боз ҳам ҳисобро баробар кард”, - гузориш дод манбаъ.

Футбол: ғолиби марҳилаи якуми Чемпионат миёни дастаҳои лигаи олӣ маълум шуд

Кумита таъкид кард, ки голи пирӯзиро Дилшод Восиев дар дақиқаи 72-юм ба ҳадаф расонд. Дар бозии дигари гурӯҳ “Олтин Асир”-и Туркманистон бар тими “Дордой”-и Қирғизистон бо ҳисоби 3:1 ғалаба кард.

Кумита тавзеҳ дод, ки ҳамин тариқ, баъд аз натиҷагирии 5 давр “Олтин Асир” бо 9 хол дар ҷои аввали ҷадвали гурӯҳ қарор дорад. “Истиқлол” ва “Хуҷанд”, ки 7-холӣ доранд, дар ҷойҳои дуюму сеюм, “Дордой” бо 5 хол дар мақоми охир ҷойгиранд.

Лентаи хабарҳо
0